Давоми 8 моҳи соли 2020 корхонаҳои соҳа дар маҷмуъ ба маблағи 1152,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба 8 моҳи соли сипаригардида 13,2 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 101,2 % – ро ташкил медиҳад
ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар 8 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 264,4 млн. сомонӣ расонида, ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат бошад дар 8 моҳи соли 2020 ба 61,1 ҳазор тонна баробар гардида, айни замон 5753 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд ва музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои коркарди алюминий аз захираву имкониятҳо истифода намуда, дар 8 моҳи соли 2020 дар маҷмуъ 6200 тонна алюминийро коркард намудаанд, ки нисбати нишондоди 8 моҳи соли 2019 ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад.
Ҳаҷми коркарди алюминий дар 8 моҳаи соли равон асосан аз ҳисоби ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» амалӣ гардида, тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар 8 моҳи соли 2020 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар якҷоягӣ бо ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди алюминийи аввалия, профилҳои алюминӣ, профилҳои пластикӣ ва трактору мошинҳои кишоварзӣ ба маблағи 942,2 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва давлатҳои Аврупо содирот намудаанд.
ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар 8 моҳи соли ҷорӣ алюминийи аввалияро ба маблағи 923,8 млн. сомонӣ дар ҳаҷми 57412 тонна ба хориҷи кишвар, асосан ба давлатҳои Аврупо содирот намудааст.
ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркунҷашакл дуда, бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир фаъолият намуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.
Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад, ки айни замон 107 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд ва давоми 8 моҳи соли 2020 ба маблағи 136,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 19,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 116,3% таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 19621,5 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2313,0 тонна зиёд гардидааст.
Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рўи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 намуд мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошанд.
Ҷунин корхона дар шаҳри Ҳисор ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» буда, қубур ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркуҷашакл истеҳсол менамояд. Шумораи кормандон 41 нафар ва музди маоши миёна 1100 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом – варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.
Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рўи ғафсии металл ва андозаашон то ба 30 намуд мерасанд, ки 10 намуди он профилҳои даврашакл буда, 20 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошанд. Иқтидори солонаи корхона 2500 тонна мебошад.
Дар 8 моҳи соли 2020 корхона ба маблағи 40,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 16,3 млн сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти 166,5% таъмин карда шуд.
Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар 8 моҳ ба 6183,9 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3600 тонна зиёд гардидааст.
-Дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе, корхонаи ҷамъу васли автобусҳо КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастрӣ» ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсоли он 250 то 300 автобус дар як сол мебошад.
Аз оғози фаъолият, корхонаи мазкур зиёда аз 300 адад автобусро ҷамъу васл намуда ба истифода додааст ва нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.
Муҳаррики автобусҳо аз тарафи ширкати олмонии «Мерседес Бенс» аввалан ба ширкати «Акия»-и Ҷумҳурии Туркия таҳвил дода шуда, баъдан ба ҶДММ «Акия Авесто Автоматив Индастри» равона карда мешавад ва корхона дар 8 моҳи соли ҷорӣ 9 адад автобусҳои 8-метра истеҳсол намуда, боз 35 адади дигар автобусҳо омода гардида истодаанд.
Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 43 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани хатҳои истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.
ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ба ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Белорус машғул мебошад.
Дар 8 моҳи соли 2020, корхона ба маблағи 9,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 19 адад трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 892.2» ҷамъу васл карда шудаанд.
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ корхона ба миқдори 4 адад трактор ва 6 адад ядак (прицеп) ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намудааст.
Мавриди ба фаъолият шуруъ намудани корхона 60 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад.
Давоми ҳаштмоҳаи соли 2020 дар соҳа 6 адад корхона ва коргоҳҳо ба истифода дода шудааст, аз ҷумла ҶДММ КМ Тоҷикистону Туркии «Афранг-Пластик» мебошад, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, бо мақсади истеҳсол ва коркарди профилҳои пластикӣ барои дару тирезаҳо ташкил карда шудааст ва иқтидори солонаи истеҳсолии корхона ба 1200 тонна профили пластикӣ баробар мебошад.
Дар муддати 8 моҳ соли равон корхона ба маблағи 3225,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 24 тонна ба маблағи 25,0 ҳазор доллари ИМА содирот намудааст.
Ҳамзамон дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд аз тарафи соҳибкори ватанӣ корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ҶДММ «Сифат-Пласт» мавриди истифода қарор дода шуд, ки қубурҳои диаметрашон аз 50 то 150 мм истеҳсол карда мешаванд.
Иқтидори истеҳслии корхона тибқи лоиҳа 15 ҳазор метр қубурро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Труба ва профилҳои тоҷик»-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.
Дар дурнамои наздик бо дарназардоши таҷдид ва барқарор намудани иқтидорҳои корхонаҳо ва мавриди истифода қарор додани корхонаҳои нави соҳаи мошинсозӣ имконияти афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, дар самти коркарди пораву партов ва металлҳои сиёҳ, ба истифода додани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни пластикӣ (қубурҳо, зарфҳои пластикӣ, профилҳо, қуттиҳои пластикӣ ва ғайра) дастовардҳои бештар ба назар расида, ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Манбаъ: sanoat.tj