Корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2019 ба маблағи 6,9 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро назар ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 1049,2 млн. сомонӣ таъмин намуданд, ки ин нисбати соли гузашта 117,7% зиёд мебошад.
Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,2 % маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот барзиёд иҷро гардидааст. Аз ҷумла:
– тилло- 126,2%;
– нуқра- 117,0% ;
– хокаи сурма – 66544,0 тн.ё ин,ки 2263,8 тн зиёд
– хокаи сурб – 86771,0 тн. ё ин,ки 8480,2 тн зиёд
– хокаи мис – 44584,4 тн.ё ин, ки 1602,8 тн зиёд
– сурмаи металлӣ – 4415,6 тн.ё ин, ки 401 тн зиёд
– сурби металлӣ 760 тн.ё ин, ки +760 тн зиёд.
Дар соли 2019 шумораи коргарон 11604 нафар ва музди миёнаи моҳона 5748 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта шумораи коргарон 1242 нафар ва музди миёнаи меҳнат 2615 сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд иброз намуд, ки соли 2019 корхонаҳои соҳа ба буҷаи давлат ба маблағи зиёда аз 1,66 млрд сомонӣ андозҳои гуногунро пардохт намуда, аз тарафи онҳо зиёда аз 432,0 млн кВт/с неруи барқ истифода гардидааст.
Самаранокии истеҳсолии маҳсулот ба як нафар корманди соҳа ба 50,0 ҳазор сомонӣ дар як моҳ баробар мебошад.
Дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар соли 2019 зиёда аз 5,8 млрд сомонӣ буда, содироти он ба хориҷи кишвар 3,17 млрд сомониро ташкил намудааст.
Дар соли сипаригардида бо мақсади ба роҳ мондани маҳсулоти ивази воридот дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶМ ТК ММ “Апрелевка” корхонаи заргарии “Зари Тоҷик” дар масоҳати умумии – 0,5 гектар, бо ҷалби сармояи ватанӣ дар ҳаҷми 7,0 млн сомонӣ сохта шуда, 27 августи соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидаст.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаи мазкур коркарди 120 кг тилло ва 400 кг нуқраро дар бар мегирад.
Айни замон дар корхона 50 нафар коргарон фаъолият намуда истодаанд ва дар оянда ба 100 нафар расонидани шумораи коргарон дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати равнақ додани соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, дар соли 2019 сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолӣ дар ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони «Кумарғи Боло»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд идома дорад.
Аз тарафи ҶСП “Талко Голд” ба ҳолати 31 декабри соли 2019 ба маблағи 44,1 млн доллари ИМА сармоя ҷалб гардидааст. Сармояи мазкур барои иҷро намудани корҳои сохтмону лоиҳакашии корҳои куҳӣ, фабрикаи бойгардонӣ, полоишгоҳ, зеристгоҳи барқии 110кВ/10кВ, корезҳои кушода, роҳҳои автомобилгарди истеҳсолӣ ва хати баландшиддати интиқоли барқ 110 кВ ва дигар корҳо равона гардидааст.
Раванди сохтмони иншоотҳои мазкур таҳти назорати мутахассисони раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо қарор дода шудааст ва ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маълумот пешниҳод карда мешавад.