Фасли тозаи дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон абадӣ бод

Мо, ин шабу рӯз шоҳиди лаҳзаҳои таърихӣ ва хотирмоне гардидем, муайян шудани хати марз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва бастани як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ, боз намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ки то ин вақт баста буд, моро хеле хурсанд намуду ба лаҳзаҳои таърихӣ бурд.  Ҳамон гуна, ки маълум аст, миллати мо аз қадим талабгори сулҳу дӯстӣ ва бародариву ҳамдилӣ мебошад ва ин сулҳхоҳӣ идомаи ҳамон анъанаи неки гузаштагонамон мебошад, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ин хидмати Роҳбари муҳтарами давлат асрҳои аср вирди забонҳо хоҳад монд. Зеро мо шоҳиди ашки шодӣ рехтани сокинони аҳолии назди марзӣ гардидем ва дидем, ки чӣ хел мардум шодиву нишот доранд. Ва мардумро шоду масрур гардонидан, роҳеро боз намудан, дилеро саодат бахшидан, сари озурдаеро сила намудан, ин ҳама аз хислатҳои абармарди арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат мебошад, ки мо ин ҳамаро бо чашми сар дидем. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар васфи дӯстиву сулҳ иброи андеша намуда, ҳифз намудани онро амри муҳим арзёбӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар мавриди арҷ гузоштан ва ҳифз намудани сулҳу субот ва ваҳдати комил гуфта буданд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Бале, талош барои сулҳ, талош барои осоиштагӣ аст.Талош барои сулҳ ин талош барои оромии башарият аст. Ҳамон гуна, ки Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ барои сулҳ талош варзиданду байни Тоҷикистон ва Қирғизистон имрӯз сулҳ барқарор гардид. Ин лаҳза, лаҳзаи наҷибтарини ҳаёт барои ҳамаи мо мебошад.  Насли нав акнун метавонад худро фарзанди Сулҳ номаду фақату фақат аз сулҳ бигӯяд, таронаи сулҳ бисарояду ҳарфи дӯстӣ бигӯяд. Чӣ тавре, ки Боқӣ Раҳимзода гуфта буд:

Месароям сулҳро бо сози сулҳ ,

То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Ҳамин дунё пур аз сулҳ шуданро мо орзу доштему дорем. Ҳамин дунё дар сулҳу амонӣ буданашро мо мехостему имрӯз ҳам мехоҳем. Зеро дар ҷаҳони муосир ягона кишваре, ки сарвараш барои сулҳи ҷаҳонӣ талош менамояд ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, то тамоми кишвҷарҳои олам дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ намояд, ин Тоҷикистон зери сарварии Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари баланди Созмони миллали муттаҳид пешниҳод намуданд, ки «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин бар манфиати насли башар мебошад.

Ҳамин нишонаи олии сулҳхоҳиву сулҳҷустани мо мебошаду дубора исбот менамояд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша дар фикри оромиву суботи насли башар мебошад. Сулҳ намудани Тоҷикистон бо Қирғизистон низ иқдоми сулҳхоҳонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асту ин сулҳ қадами бузурге барои осоиштагиву суботи минтақа мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз ҳама хостаҳои ҷомеаи башарӣ ва махсусан аҳолии минтақаро дарк намуданду пешниҳод доданд, чунки ҳама сулҳ мехоҳаду дар ҷомеаи имрӯза сулҳу дӯстӣ муҳим аст. Чуноне, ки Марк Твен гуфта буд:”Дар ин дунё барои мо сулҳ, дӯстӣ ва бародарии инсҳо аз ҳама чиз муҳим аст”.

Ин бародарӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар баҳор иттифоқ афтод фасли тозаест дар муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик.  Бигзор ин муносибати нек, дӯстиву бародарӣ абадӣ бошад.

Мо умед мебандем, ки ин бародариву дӯстӣ, барои ҳамешагӣ боқӣ мемонаду дигар дарвозаҳои дӯстӣ ҳамеша боз мемонанд. Поянда бод дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ!

Дилором Мӯминова

сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус