Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррасро мегузоранд. Ҳамчунин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки имрӯз барои Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст. Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандагии ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам оварда истодааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Гуфтан мавриди замон аст, ки имрӯзҳо барои наврасону ҷавонон тамоми шароит муҳайё гардонида шудааст, аз он ҷумла библиотекаҳои электронӣ,сомонаҳои интернети, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиш ва ташакулдиҳии савияи дониш дар давлатҳои пешрафти дунё. Аз и нҷо аз ҷавонони мо танҳо зиракиву чустиву чолокӣ ва ҳушёрӣ, ҳамчунин номус ва ғурури миллӣ дархост карда мешавад, ки илмро то ба сатҳи боло омӯхта дар оянда барои миллат хизматгузори ва пушту паноҳи намоянд.Маълум аст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта бар асари тағйироту таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ, ки боиси фурӯпошиидавлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.,Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз узвиятҳои ин давлат буд саривақт низ аз истиқлолияти комили давлатӣ бархӯрдор гардид. Ба ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардид ва мавқеву мақоми худро ишғол намуд. Ҳол он ,ки хавфи ба маҳалҳои ҷудогона тақсим шудан ва ҳатто аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон мардуми моро таҳдид мекард ва кулли мардуми меҳанпарастро ин хафв дар изтироб андохта буд. Маҳз иҷлосияи ХVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро барҳақ ичлосияи тақдирсоз меноманд, заминаи боэътимоди бунёдгузории ҳукумати қонуниву конститутсионӣ, худшиносии миллӣ ва оғози таъмини сулҳу субот дар кишвар гардид.Бидуни шакку тардид, тарғибу ташвиқи ин иҷлосияи тақдирсоз ва шарҳу эзоҳи қарору қонунҳои дар ин ҷаласа қабулшуда, дар байни омма моро ба сӯйи ифтихори ватану ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчунин ба самти ваҳдату ягонагӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба марзу буми кишвар ва монанди инҳо раҳнамоӣ кард. Дар боз ҳам тақвият ёфтани сулҳу суботи сартосарии кишвар ва миллати куҳанбунёди мо, қарорҳои қабул намудаи ин иҷлосияи ХVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои хуби боэътимод гузоштанд.
Барои пешгирии равандҳои номатлуб дар мамлакат, махсусан дар байни ҷавонон ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ ва матраҳ сохтани масоили иҷтимоӣ муҳим аст. Имруз ба ҳама маълум шуд,ки агар инсон то ба сатҳи баланди илмомӯзи ва рушди он нарасад, ба зинаи худшиносӣ нахоҳад расид, зеро танҳо шахси ба дараҷаи муайяни камолоти инсонӣ расида худшинос мегардад. Бинобар ин, расонидани ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ ба ҳалли мушкилоти буҳрони маънавӣ мусоидат намуда, моро вазифадор менамояд,ки дар ин самт саъю кушиши зиёдеро ба сомон расонем .Насли ҷавонро ҳушдор додан лозим аст, нерӯҳое, ки инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар менамоянд, ҳавасмандии инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона сохтан буда, муқобили ҳисси худшиносии миллии наслҳоянд. Мақсади ин тоифаи инсонҳо нафсонияти дуняви буда ҳисси милли ва ғуруру ифтихори милли барои онҳо бегона аст. Ҳол он ки дар шароити феълӣ масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ тавассути ваҳдат ва ташаккули худшиносии миллӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва динӣ, барои мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки халқи тоҷик соҳиби таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншинохта буд. Миллати мо дорои таърихи бузургӣ намунавӣ ва бой мебошад ва маҳз дар замони Сомониён давлати миллии тоҷикон таҷаллӣ намудааст.Воқеан, олимони тоҷик аз замони Сомониён то ба имрӯз дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши босазои худро гузоштаанд ва ҷойи шубҳа нест, ки олимони машҳури дунё кашфиёти бузургро дар аёми ҷавонӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар 18-солагӣ ба табобати беморон шурӯъ карда буд. Мирзо Абдулқодири Бедил дар 26-солагӣ «Тӯри маърифат»-ро эҷод кард. Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Абдурауфи Фитрат аз он равшанфикрони ҷавони Бухоро буданд, ки бо рӯшании илму хиради худ чароғи маърифати замонро нур мебахшиданд. Ва акнун вақти он расидааст, ки дар баробари аз гузаштаи худ ифтихор намудан худ низ ба дараҷаи ифтихормардӣ расем, мӯҷиби тафаккури дигарон бошем. Зиндагии имрӯзаву ояндаамон аз наслҳои нав маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунаду танҳо тавассути ақлу хирад, донишу истеъдод метавонад ба рушди ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид ва ба сӯйи фардои нек устуворона қадам ниҳод.Сарвари давлат аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки идеологияи ватанпарастӣ идеологияи асосӣ ва мавриди парастиши онҳо қарор гирад. Охир, мо ҳамон вақт ба истиқлолияти воқеӣ мерасем, ки насли ҷавон бо тафохури бепоён онро ҳамчун воқеаи бузурги таърихӣ эътироф кунад, асоси хушбахтии худ ва ояндагон донад ва пайваста барои ҳифзи он дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад. Дар иртибот ба ин, имрӯз номи Меъмори ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон рамзи истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ ва ватандорӣ, ваҳдат ва ифтихори бепоёни давлатдории миллӣ гардидааст ва исми мавсуф бо истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ ва давлатдориву ватанпарастӣ ба ҳадде омехта гардидааст, ки яке дигареро пурра мекунад ва умедворем аз насли ҷавони имрӯза,ки ин дастовардҳоро абадан нигоҳдори намуда ба наслҳои минбаъда осор мегузоранд.
Ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Президент ва Ҳукумати кишвар аст, ки он ҳам бошад ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ ба амал омадааст. Маҳз қарорҳои тақдирсозу наҷотбахши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки на танҳо барои таҳкими сулҳу Ваҳдат поя гузошт, балки дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ба пешрафти илму маориф замина ва роҳҳои наверо муҳайё сохт, ки имрӯз мо шукронаи онро карда, дар фазои сулҳу ваҳдат ба таълиму тарбия ва таҳқиқу тадрис машғулем. «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорон ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд» ( Эмомали Раҳмон ) Он гуна, ки президенти кишвар Э. Раҳмон таъкид кардааст, «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳӯр тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайрави аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд».Ҳоло барои ҷалби ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоии интернети фаровон истифода мешавад. Гурӯҳҳои чидагири ифротӣ бо сохтани аккаунтҳои дуруғин бо ҷавонон шинос шуда батадриҷ онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Бештар ҷавононе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шомили гурӯҳҳои мазҳабӣ ҳастанд ё дар мавзӯҳои динию мазҳаби баҳсҳои тунду гоҳе холӣ аз мантиқ доир мекунанд (ҷавононе, ки зоҳиран мазҳабӣ аммо аз дониши мукаммали динӣ номусаллаҳ) мавриди «ҳадаф»-и чидагирон ё афродӣ мағзшӯйи ифротгаро қарор мегиранд.
Чи тавре,ки аз воситаҳои ахбор ва сомонаҳои интернети огоҳи ҳастем, миллионҳо нафар аз миллати араб дар Аврупо ва дигар давлатҳо хору залиланд. Худованд ин хориву залилиро аз сари миллати мо дур бигардонад.Мо устодон ва насли калонсоли миллат, аз ҷавонон даъват бар он дорем, ки ба ҳар гуна ақидаҳои хурофотпарастӣ дода нашаванд ва шукрона аз ватани ободу тинҷу осоишта намоянд, ки беҳтарин неъмат ин тинҷиву оромии давлат мебошад.
Амир Мусоев,
мудири ташхисгоҳи оби
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон