Имрӯз дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он профессор Давлатов М., дотсент Атоева К., дотсент Дӯстов Д. ва Изатуллоев Р. баромад намуданд.
Семинари имрӯзаро нахуст дотсент Изаттулоев Рафтор ифтитоҳ намуда, суханро ба омӯзгори кафедра дотсент Дӯстов Дӯст дар мавзӯи “Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон” баромад намуда, ҷанбаҳои мусбиву манфӣ ҷаҳонишавӣ ва ҳамзамон аз омилҳои хатарзо ва таҳоҷуми фарҳангӣ дар шароити феълӣ ёдовар шуданд.
Профессор Давлатов М. перомуни мавзӯи таҳоҷуми фарҳанги бегона ба фарҳанги миллӣ сухан ронда, изҳор доштанд, ки мо бояд бар насли ҷавон аз ҷанбаҳои манфии фарҳанги ғайр маълумот диҳем ва дар навбати аввал аз фарҳанги ғаниву бойи миллати тоҷик ононро огоҳ гардонем, то ҷавонон дар асри 21 сарсон ва фирефта нашаванд, аз ҷониби бегонагон.
Сипас, омӯзгори ҳамин кафедра н.и.ф. Атоева Кибриёхон дар мавзӯи “Бозтоби ҷашни Сада дар сарчашмаҳои илмӣ-адабии халқи тоҷик” суханронӣ намуда, аз сарчашмаҳои илмиву адабии перомуни ҷашни Сада маълумот додашуда, ёдоварӣ намуданд ва чанд намунаро барои мисол қайд карданд.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза дар мавриди пазириши фарҳанги бегона ва таассуби ҷузъиётҳо аз бегонагон сухан рафта, миёни омӯзгорону ҳозирин мулоҳизарониҳо сурат гирифт.
М. Сайидзода