ФАРҲАНГИ СИЁСӢ: АЗ КАЛӮШ ТО ТАБАР

Нерухои мухолифин хоса пайравони хизби нахзати ислом дар Точикистон то хол аз фарханги сиёси гофиланд.

Онхо хануз феврали соли 1990 даъвои истеъфои Каххор Махкамов нахустпрезиденти Точикистонро доштанд. Президент ба назди издихом баромад ва пурсид чи мехохед? Ба чои муколама ва пешниходи барнома ба руи Сарвари давлат калуш хаво доданду рафтанд.

Бо гузашти 28 сол ахвол хамон. Чун забони муоширатро бо сайёхони хоричи намедонанд, даст ба табар бурда хамла карданд.

Табар чи лозим, ба даст хома гирифта навиштани лоихаи бунёдкориро барои тахкими Истиклолияти Точикистон омузед!

Барои такмили фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ , нашрияҳои мустақил  дар арсаи сиёсат озоданд. Ин ҷо бояд аз асрори дипломатияи сиёсӣ воқиф шуд. Барномаҳои мушаххаси рушдро бояд пешниҳод намуд.

Аммо аз паси пардаи хоҷаҳои хориҷӣ истода гоҳе аз набераи Кабириву гоҳе аз духтари Шабнам Худойдодова ҳангомаи сиёсӣ кардан, ҳамон ҳодисаи калӯши соли 1990-ро ба хотир меорад. Давраи калӯши сиёсӣ гузашт, либоси фарҳанги сиёсӣ пӯшед, даъвогарони мансаб! Ҷомаи фатҳи донишро  дар бар мебояд, на ба камар овехтани шамшер!

М.Шамсиддинова, мудири кафедраи металлургияи ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

13 − ду =