ФАРҲАНГИ СИЁСИРО БОЯД РИОЯ НАМУД

Имрӯзҳо дар шаҳри Варшава Конфронси солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ҷараён дорад. Аз ду ҳафта як ҳафтаи он гузашт. Ҳарчанд  то натиҷагирӣ ҳанӯз дур аст, аммо аз ин ҳафт рӯз ҳафт нуктаи муҳимро яке аз  аъзои ҳайати расмии Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло РАҲНАМО дар саҳифаи Ховар ёддошт намудааст, ки ёдовар шудан аз он ба маврид аст.   

 

 Дар конфронси ҳуқуқибашарии Варшава, ки ҳамасола доир мешавад, ҳайатҳои расмии 57 кишвари узви САҲА ва ҳудуди 40 созмони минтақавию байналмилалӣ ширкат доранд, ки нишон аз миқёсу сатҳи ҳамоиш аст. Ва агар инро бияфзоем, ки аз аксари кишварҳо намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва мухолифу мувофиқ низ ҳузур доранд, миқёси конфронс боз рӯшантар мешавад.

 

Аммо, сиғаи он чунин аст, ки ба ҳар давлат ё суханвар ҳамагӣ ҳудуди 2 дақиқа вақт мерасад, ки барои баррасию ҳалли масоили ҳуқуқи башар ҳаргиз кофӣ нест. Дар ду дақиқа чӣ метавон гуфт? Чун ҳамагон аз ин ҳолат огоҳанд, бо истифода аз фурсат ҳамон ду калима дифою танқид ба миён мепартоянду навбатро месупоранд. Ба назари банда, ин нишаст на илмист ва на корӣ ва ҳадафи он низ зоҳиран дарку ҳалли масоили ҳуқуқи башар нест. Балки бештар шабеҳи саҳнаи сиёсиест, ки коргардонони он бо ҳимояти огоҳона ва намоишкорона аз ин ё он давлат ё гурӯҳ, мавқъ ва манфиатҳои худро амалан ифода мекунанд. Ин ҷо на қароре қабул мешаваду на натиҷае ҳосил. Аз ин рӯ, шояд дар оянда чунин ҷиддӣ гирифтани ин нишаст бисёр зарур набошад

 

Воқеан ҳам мавриди баррасии масоили миёсӣ риояи фарҳанги сиёсӣ ҳатмист. Ба эҳсосот дода нашуда, ҳодисаҳоро бояд мавриди таҳлил қарор дод.

Хулосабардорӣ аз анҷумани сиёсӣ дар он аст, ки ба саҳнаи сиёсӣ танҳо ба ақли солиму дониши мукаммал бояд ворид шуд.

М.Қодирова, мутахасиси шуъбаи илми ДКМТ