Санаи 06.02.2021с. дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинар машварати корӣ бо ибтикори раёсати тарбия гузаронида шуд, ки дар он оид ба зарару зиён ва фарҳанги истифодаи телефон суҳбат мерафт.
Нахуст ҷалсаро муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. ифтитоҳ намуда, оид ба дастуру супоришҳои роҳбарият ва ҳамзамон риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ суханронӣ карда, сипас суханро ба омӯзгорон доданд.
Дар ҷаласа донишҷӯёну омӯзгорони факултет ширкат варзиданд ва қоидаҳои истифодабарии телефони ҳамроҳ дар донишкада ва ҳамчунин фарҳанги истифодабарии он дар ҷамъият аз ҷониби Эгамов Мухтор ба ҳозирин фаҳмонида шуд.
Сипас дар интиҳо суолу ҷавоб миёни донишҷӯён ва маърӯзагарон сурат гирифт, ки семинарро боз ҳам ҷолибтар гардонид.
М. Сайидзода