Дирӯз, дар кафедраи металлургия маҳфили доимамалкунандаи “Металлургони ҷавон” баргузор гардид. Қайд намудан зарур аст, ки маҳфили мазкур зери роҳбарии омӯзгори ҷавон Фаридаи Амонулло фаъолият менамояд.
Дар маҳфили навбатӣ мавзӯи “Коркарди электрометаллургии металли сурма дар Ҷумхурии Тоҷикистон” баррасӣ гардид, ки вобаста ба ин донишҷӯи бахши сеюм Ҳамрозода Эҳсон баромад намуд.
Ҳамрозода Эҳсон роҷеъ ба мавзӯи мазкур муфассал баромад намуда, ба ҳозирин моҳияти мавзӯъ, зарурати онро фаҳмонид. Сипас, дигар донишҷӯён ба ӯ вобаста ба мавзӯъ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин, дар маҳфили имрӯза омӯзгори фахол Саидов Бахтиёр ва Қадиров Абдурашид суханронӣ намуданд.