Ҷомеа ҳамеша барои тарбиятгар ниёз дорад ва ҳамин аст, ки яке аз рисолатҳои аслии волидайнро тарбияи фарзанди солеҳ дар ҷомеа унвон мекунанд. Аммо агар падаре, ки фарзандашро ба роҳи рост ҳидоят намекунад вай ҳам бар хилофи арзишҳои башарӣ ва ҳам бар хилофи дину шариат амал кардааст, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.
Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат ҳам агар инсон барои тарбия намудани фарзандаш кӯшиш накунад, фарзанди вай як нохалаф ва бешарафу бевиҷдон ба воя мерасад, ки ин гуна фарзанд доғ барои ҷомеа мебошад.
Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”, ки аз ҳаёти зишту ғайриинсонии хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф қисса мекунад, бори дигар исбот намуд, ки шахси бетарбия ва маҳрум аз насиҳати падар бевиҷдон ва манқурт мешавад.
Ба офаранадагони филми ҳуҷҷатии мазкур изҳори намуда, хоҳиш мекунем, ки барои ифшо намудани чеҳраи дигар хоинони миллати тоҷик ҳам чунин филмҳо таҳия карда шавад.
Дилмуроди Вафо, омӯзгори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон