ФАРДОИ НОРАВШАНИ НАҲЗАТИЁН

Воқеан ҳам имрӯз дигар бо баромадани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисмҳои 4 ва 5 тамоми ҷаҳон донист, ки наҳзатиён чӣ қадар хунхору разил ва пастфитрату ноодам будаанд ва ин албатта беҷавоб нахоҳанд монду ҳар як наҳзатии ҷинояткор ва қотили шаҳрвандони бегуноҳи кишвар бар ин ҷавоб хоҳад дод. Ҳарчанд имрӯз қисме аз наҳзатиён дар кӯчаҳои Аврупо дар фирору гурезанд, аммо дур нест он рӯз, ки наҳзатиёнро дап паси панҷара бубинему санг бар симои манфуронаву террорияшон бизанем, то уқдаҳо ва захмҳо андак ҳамвор шавад. Зеро наҳзатиёни палид ва манфур бар замми он ки аз боварҳои мардум истифода намуданд, боз ҷомеаро ба тарғиби мазҳаби бегоан талқин кардаанд, ки ин бисёр ҳам ҷинояти вазнин мебошад.

Якум ин ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданд ва ҷиноятҳои зиёдеро содир намуданд, аммо пас аз ин даст ба гумроҳ намудани ҷомеа задаанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург ва нобахшиданист. Аз ҷониби дигар рафтори ношоиставу разилонаи наҳзатиён дар солҳои 90-ум нисбати занону модарони кишвар хеле дилгиркунанда ва нобахшиданист, ки бар ин наҳзатиёни палид ва авбош бояд ҷавоб бигӯянд. Ҳамчунин наҳзатиён дар солҳои 90-ум даст ба куштори равшанфикрон ба монанди М. Осимӣ, С. Афардӣ, О.Латифӣ, М. Шерализода ва садҳо тани дигар заданд, ки ин амали пасттарин ва душманонатарини наҳзатиёнро миллати тоҷик ҳаргиз нахоҳад бахшид.

Алаббат аз дасти наҳзатиён хеле зиёд  миллат зиллат кашид ва ҳаргиз он рӯзҳои сиёҳу торик фаромӯш нахоҳад шуд, аммо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам бар ҳар як мали ғайриинсонии худ, ки бо супориши хоҷагони хориҷияшон анҷом медоданд, посух хоҳанд гуфт. Он роҳе, ки наҳзатиён мераванд норавшан асту ояндааш ториктар мебошад ва наҳзатиён ҳатман зери чоҳ хоҳанд монд ва дар таърихи башарият аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамчун манфуртарин террористон ва ақлбохтатарин ашхос боқӣ хоҳанд монд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ