ФАРАҲ ОВАРАД БО НУРИ ХЕШ РОҒУН!

Имрӯз мо ҳамагон шоҳиди ба кор даровардани агрегати дуюми НБО Роғун аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Ин лаҳзаҳо мустақиман тариқи телевизион ба тамоми ҷаҳон намоиш дода мешуд ва ин ҳамон лаҳзае буд, дилҳо омодаи иқбол аз хурсандӣ ва шодӣ буданд. Ин ҳамон лаҳзае буд,  ки мардум субҳи хешро бо фоли нек оғоз мекард ва шоҳиди бурун шудани шарораи нангу номус аз майдон ё худ корзори Роғун мегардид. Ин лаҳзаҳоро шояд касе натавонад фаромӯш созад, зеро ин лаҳзаҳо ҷолибтарин лаҳзи зиндагиро инъикос мекард, пирӯзии нур бар зулмотро мефаҳмонид, нишони далериву шуҷоатро инъикос мекард, ҷоннисориву ҷонфидоии марди асилро пеши чашм меовард, оинаи мардиву номуси мардиро нишон медод. Мо ҳамагон дар ёд дорем, ки чи тавр шахсан Пешвои муаззами миллат дар сари чанбари булдозер нишаста, маҷрои дарёи пуртуғёни Вахшро бастанд. Ин лаҳза ҳам ҳаргиз фаромӯш намешавад. Зеро ин дарсе буд аз марди тавонову далер, шуҷоъ ва меҳанпарасту меҳандӯсти асил.

Пеш аз он, ки аз манфиат ва бурдҳои Роғун ба мардум бигӯям, ёдрас шудани он ки ин нерӯгоҳ тавонист барои насли ҷавон ва тамоми тоҷикистониён мактаби нангу ор бошад ва нишонаи авҷи аълои ватандӯстӣ бошад. Миллати шарафманд ва фарҳангсолору баномуси тоҷик бо Пешвои муаззами миллат дубора исбот кард, ки агар бо дасти ҳам гирифтан бихизем, метавонем синаи кӯҳро шикофт ва аз баландтарин қулла маҷрои об ҷори намуд.

Ман тавонистам дубора шоҳиди он шавам, ки ин миллат метавонад, баҳри ҳифзи истиқлолияти кишвар ва арзишҳои фарҳангӣ ҷонфидоӣ кунад, ҳамон гуна, ки барои Роғун ҷоннисорӣ менамояд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо бунёди Роғун Пешвои муаззами миллат тавонистанд, шоҳсутуни бузурги иқтисоди кишварро рост намоянд, ки ин барои давлату миллати тоҷик басо муҳим аст. Ин ҳама ҷоннисориҳои  Сарвари хирадманду ҷасур ва ҳакиму тавоноро дида, мо ҷавонон неруву равони тоза мегирем ва аз ин мактаби бузурги Пешвои муаззами миллат дарси мардонагиву ватандорӣ  меомӯзем ва талош мекунем, то дар оянда ба ин ватану миллат хизмат карда бошем.

                                Мирбобоев Шуҳратҷон

                             ассистенти кафедраи геология ва корҳои нафту газ