ФАНОИ ҲАФТ ОСМОНИ ДУРӮҒ ВА Ё 40 ҚАБАТИ ФИТНАИ НАҲЗАТӢ

Зери матлабе бо номи «Муроҷиатнома ба Кабирӣ – Кобра, Муҳаммадиқбол-Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”)» рафшанфикрон ва аҳли зиёи кишвар минҷумла Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ , номзади илмҳои филологӣ, Ардамеҳр Ашӯров, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Парвиз Баҳриддинзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Хайрулло Раҷабов, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ ба хоинону душманони миллати тоҷик муроҷиат намуда, дар пайи таҳқиқи сафсатаҳои наҳзатӣ хулосаи хешро баён доштаанд.

Тавре, ки дар матлаби мазкур омадааст, душманони миллати тоҷик он ҳама ҳақиқат ва далелҳои дар филми мустанади “Хиёнат” бударо рад кардани шуда, бо ҳамин роҳ хостаанд, ки мисли ҳарвақта ба чашми ҷомеа хок бипошанд. Аммо барои ин кор хушбахтона муваффақ нашуданду олимон ва равшанфикрони кишвар ин тоифаро зуд маҳкум намуданд ва дурӯғҳояшонро исбот карданд, ки хеле ба маврид аст. Зеро на наҳзатиёни манфур ва на наҳзатпарастон дигар наметавонанд бо ҳиллаву найранг ва дасисабозиву иғвобарангезӣ миллатро гумроҳ гардонанд.

Ҳоло дигар фурсате расиддасст, ки миллат чеҳраи душманони асил ва хиёнаткорони наҳзатиро шинохт ва дигар бо суханбозиву найранг наҳзатиён наметавонанд ҷомеаро фиреб кунанду мисли солҳои 90-ум ба коми ғурбат тела диҳанд. Тарве, ки дар матлаби мазкур омадааст: “мардум ин навъ иғвогариҳоро зиёд дидааст ва таҷрибаи фитнаи наҳзатиро ҳанӯз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хеле хуб андӯхтааст” ва дубора ҳаргиз бар ин ҳарзаву сафсатаҳои наҳзатиён бовар нахоҳад кард.

Ҳарчанд имрӯз ба равшанӣ маълум аст, ки ҳам раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ва ҳам М. Садриддину Мирзои Салимпур барои ҳифзи дурӯғҳо ва девори дурӯғини сохтаи худ имрӯзҳо талош мекунанд ва ҳамеша дар ҳаваси онанд, ки дубора метавонанд миллатро фиреб диҳанд, лек набояд фаромӯш созанд, ки дигар тарбуз аз бағали Кабирӣ афтидаасту пардаи дурӯғ даридааст ва мардум мебинад, ки пушти ин ҳама дурӯғу дасисаву иғвобарангезиҳои наҳзатиён кӣ меистад?!

Ҳоло дигар барои ҳамагон маълум шуд, ки ин ҳам ба ном ватандӯстиву миллатдӯстӣ як асбоби найрангу макри наҳзатӣ будаасту дар қолаби ин вожаҳо наҳзатиён бар хиёнати зидди мардум машғул будаанд. Худи хиёнати ҳамин роҳбари наҳзатиён М. Кабирӣ худ гувоҳ аз он аст, ки ин наҳзатиён асло дар қиссаи миллат нестанд ва фикру нияташон ҳам бо роҳи ватанфурӯшӣ ба даст овардани маблағ мебошаду халос. Ҳарчанд ин наҳзатиён имрӯзҳо даъвои мусалмонӣ мекунанд даст бар сина зада, ҳай аз изору таҳпуши занҳо сухан гуфт, аммо худашон боре ҳамчун мусалмон рафтор кардаанд? Мешавад, инро ҳам гуфт- ҳайфо ки “Абуҷаҳл одам шуданӣ нест”-у Кабирии шайтон мусалмон!

Домони тари наҳзатиён дигар бар ҳама маълум шудааст ва имрӯз Аврупо барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар наҳзатпарастон як майдони ғамму ғусса гардидааст, ки намедонанд чӣ тавр ба хоҷагони хориҷияшон ин ҳамаро фаҳмонанд. Охир бузургтарин асрори наҳзатиён хизматгори хоҷа буданашон, шарики шабакаҳои террористӣ буданашон фош шуд. Ҳоло дигар наҳзатиён харро момак мегӯянду думашро пистон гуфта ба даҳон гирифт, то сирати инсонияшонро ба ёд оваранд. Аммо чӣ кунем, ки дигар дер шудааст. Кунун дигар тардоманиву кӯтоҳназариву ҳайвонсифатии наҳзатиён ошкор шудааст.

 Дар матлаб ё худ муроҷиатномаи аҳли зиё чунин омадааст: “дар гузашта ва чи имрӯз созмони наҳзатӣ ба сифати унсури бегона ва тарҳи хориҷӣ дар хидмати аҷнабиён қарор дошту дорад, вале барои пардапӯш кардани найрангу фитнаҳои худ аз мафҳум ва истилоҳоте мисли демократия, озодӣ, мардумсолорӣ, гуманизм, қонунмандӣ суъистифода ва дар саҳнаҳои сиёсии аврупоӣ ҷавлон мекунад. Хуб, то ба кай ин ҷавлонкуниҳо?” Албатта, то ба кай ин ҳама дурӯғсозиву дурӯғбофӣ? Ҳоло вақташ омад, ки дигар наҳзатиён аз миллат узр бипурсанд ва сари таъзим пеши ҳар сокини кишвар гузоранд. Он чӣ дар филми “Хиёнат” дидем боз ҳам исботи ҳамон ноҷавонмардиву номардиву нотавонбиниву хоинии наҳзатиёнро бо далелҳо тасдиқ мекард ва он чӣ имрӯз наҳзатиён кӯшиш мекунанд, бо навиштани раддияҳои бардурӯғ ҳақиқатро инкор намоянд, дигар фоида надорад, зеро миллат аллакай шинохтааст, ки наҳзатиён кистанду дар хизмати кадом хоҷаанд?!

Дурӯғу фитнаи наҳзатиён ошкор шудааст ва ин ки онҳо имрӯз дур аз Ватан аз Аврупо  истода бар алайҳи миллат матлаби бардурӯғ менависанду хоинӣ мекунанд, худ гувоҳ аз зархариду ғулом будани онҳост.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ