ФАНОИ ИМПЕРИЯИ ДУРӮҒИ НАҲЗАТИЁН

дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4

Шояд ин шабу рӯз барои душманони миллати тоҷик, хоинони наҳзатӣ як маъракаи дилкафак ва шармадашавӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки пас аз нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 5 дасисаву иғвобарангезӣ ва фитнакории наҳзатиён ба охири худ расид. Зеро дигар ягон далели боқӣ намонд, террористӣ-экстремистӣ ва хоину ватанфурӯш будани наҳзатиёнро ошкор накарда бошад. Акнун мешавад, гуфт, ки имрӯз империяи дурӯғи наҳзатиён фано ёфт.

Чунки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4 ва 5 дигар ҳодисаву рӯйдоди солҳои 90-ум аз забони шоҳидони ҳол  баён карда шуд, ки воқеан ҳам инро мешавад як саҳифаи хунини таърихи миллати тоҷик номид. Он разолату ваҳшоният ва куштору бераҳмие, ки наҳзатиёни палид ва манфур нисбати миллати тоҷик раво дида буданд, дар ягон гӯшаву канори олам чунин нашудааст ба ҷуз кишвари  мо. Яъне наҳзатиён, ҳамон аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо рафтору амал ва корҳои ношоиставу ғайриинсонии худ исбот намуданд, ки дар ҳақиқат муздуру дастнигари кишвари хориҷиянду побанди фармони хоҷагони хориҷияшон боқӣ мондаанд.

Агар ба таҳлили он солҳо бингарем хуб дарк менамоем, ки чӣ тавр барои пул ва мансаб наҳзатиён шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расонидаанд, ки бисёр амали нобахшиданисту миллат ҳаргиз дигар наҳзатиёни манфур ва касифу палидро нахоҳад бахшид. Ин ҳам дар ҳолест, ки наҳзатиён бо дурӯғҳову қиссаҳои бофтаи худ мехоҳанд худро ватандӯсту инсондӯст нишон диҳанд.

Оё инсони солим ва ватандӯст, чунин хиёнатро бар насли инсон раво мебинад?

Магар наҳзатиён аз Тоҷикистон нестанд, ки ба шаҳрвандони он ин қабр ҷабру ситамро раво дидаанд?

Оё вазифаи мусалмон куштани шаҳрвандони бегуноҳ аст?

Агар не, пас чаро наҳзатиён зери чатри ислом мардумро гумроҳ намуданду қатли оми инсонҳои бегуноҳро карданд?

Акнун Кабирии террорист ва муздур намедонад худашро ба куҷо занаду аз куҷо имдод талабад. Зеро он ҳама асрори ниҳони наҳзатиён имрӯз ошкор гашту ҷомеа фаҳмид,ки наҳзатиён кистанд?!

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4 ва 5 исбот намуд, ки дигар наҳзатиён асло инсон нестанду ба бахшидан ҳам шосита нестанд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ