Мудири кафедра: Воҳидов Аҳрорҷон Аҳмадович
Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ – бо луғат
Телефон: +992-92-779-46-22
E–mail: ahrordjon88@mail.ru
Суроғаи корӣ: Бинои асосӣ, утоқи № 311
Кафедраи фанҳои умумитехникӣ тибқи Қарори Шурои Олимони донишкада № 13 аз 29.08.2013 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар асоси фармони ректори донишкада аз ҳамон сол ба факултети Энергомеханика (ҳозира Электромеханика) вобаста шудааст.
Аз рўзи таъсисёбии донишкада дар кафедра устодони пуртаҷриба ба монанди н.и.т., дотсент Собиров А.С., н.и.п. Раҳматов Р., н.и.т., дотсент Ҷалолов А., н.и.п. Ниёзов А., н.и.т. Бадалов М., н.и.т, дотсент Мирзомидинов И.М., омӯзгорони калон Воҳидов А., Мавлонов А., ва дигарон фаъолияти пурсамари илмӣ – педагогӣ доштанд. Он вақт сарварии кафедраро н.и.т., дотсент Ҷалолов А. дар зимма доштанд.
1 сентябри соли 2009 кафедра ба ду қисм ҷудо шуд ва «фанҳои умумитехникӣ» ба феҳрасти кафедраи «механика» дохил шуд. Мудири кафедра Ваҳобов М. таъин карда шуданд. Кафедра бо омузгорони дигар – н.и.т. дотсент Ғаниев И., сармуаллимон Маҳмудова С.С., Ҳомидова Р.В., Усмонов Ш.Ҷ., Ҷумаев А.Р., Абдуллозода Б.Х., Азизов Қ., Бобоев Р.М. пурра карда шуд.
Аз соли 2013 то 2016 кафедра боз номи кафедраи фанхои умумитехникиро гирифт ва н.и.т., дотсент Муҳидинов Қ.Р. мудири кафедра таъин карда шуданд. Аз соли 2016 то 14 августи соли 2020 вазифаи мудири кафедраи фанҳои умумитехникиро н.и.и. Сидиқов Неъматҷон ба ӯҳда дошт. Аз 14 августи соли 2020 ба тариқи озмун н.и.т. Воҳидов А.А. аз кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ ба вазифаи мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ таъин карда шуд.
Ҳоло дар кафедра як доктори илмхои техникӣ – Буҳодуров Ш.Б., ду номзадҳои илм – Воҳидов А.А. ва Муҳидинов Қ.Р., омӯзгорони калон – Маҳмудова С.С., Ҳомидова Р.В., Усмонов Ш.Ҷ., Ҳошимов Х.Ғ., Абдуллозода Б.Х. ва ассистент Ёқубов Ф.Ф. фаъолият доранд, ки дониш ва малакаи худро ба донишҷӯён меомӯзонанд.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА
- пешбурди корҳои таълимӣ, таълимӣ-ташкилӣ ва таълимӣ-методӣ;
- пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ;
- фаъолият дар самти корҳои тарбиявӣ, ташкилӣ ва оммавию сиёсӣ.
Вазифаи асосии кафедра: ба донишҷӯёни донишкада омӯзинидани маълумотхои базавии техникӣ ва тарбиявии онҳо дар рӯҳияи инсондўстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандўстию ватанпарастӣ ва қадрдони кардани дигар аққалиятҳои миллии миллати кӯҳанбунёди тоҷикон мебошад.
Дар кафедра фанҳои механикаи назариявӣ, муқовимати масолеҳҳо, ҷузъиёти мошинҳо ва асосҳои лоиҳакашӣ, гидравлика, техникаи гармӣ ва дигар фанҳои умумитехникӣ бо истифодабарии услуби нави таълимии педагогӣ омӯзонида мешаванд.
Дар тамоми давраи фаъолияти кафедра омўзгорони он барои беҳтар ва хубтар ба рох мондани раванди таълим, тарбияи донишҷӯён, бурдани корҳои илмӣ-методӣ, иштирок дар чорабиниҳои гуногун саъю кўшиш намудаанд.
Дар кафедра корҳои илмӣ-методӣ хуб ба роҳ монда шуда ва омўзгорон дар конфронсҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва маҳфилҳо фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва маколаҳои илмии бисёреро ба нашр расонидаанд.
Устодони кафедра машғулиятҳои худро дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ бо истифодабарии аёниятҳо ва технологияи муосири таълим мегузаронанд.
ЧОРАБИНИҲОИ КАФЕДРА
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Эҷодкорони техникӣ» ва «Семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методии омўзгорон» фаъол аст, ки тибқи нақша ҳар моҳ як маротиба гузаронида шуда, натиҷаи он тариқи расонаҳои иттилоотӣ инъикос мегарданд. Дар маҳфили донишҷўён зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни болаёқат ҷалб гардидаанд ва муаммоҳои мавҷудаи соҳаро бо нигоҳи тоза мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
ДАСТОВАРДҲОИ УСТОДОНИ КАФЕДРА
Дар муддати ин солҳо аз ҷониби устодони кафедра 7 нахустпатенти ихтироъотиро ба даст оварда шудааст: аз ҷониби д.и.т. Буҳодуров Ш.Б., Усмонов Ш.Ҷ. ва Азизхонов И.М. солҳои 2015-2016; 2- нахустпатенти ихтироъотӣ, Буҳодуров Ш.Б., Мирзомидинов И.М. ва дигарон солҳои 2016-2019; 3 – нахустпатенти ихтироъотӣ ва соли 2020 Воҳидов А.А. 2 – нахустпатенти ихтироъотӣ соҳиб гардидаанд.
Меҳнати пурсамари тамоми омузгорони кафедра бо ифтихорномаҳои зиёд қадр карда шудааст. Аз он чумла бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати cаноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мухидинов Қ.Р. Маҳмудова С.С., Усмонов Ш.Ҷ. ва Буҳодуров Ш.Б. – бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
ПАТЕНТҲОИ ИХТИРООТӢ
- Буҳодуров Ш.Б., Усмонов Ш.Ҷ., Азизхонов И.М. Узви кории ротатсионии баҳаракатовар. №TJ 822, аз 14.04.2015;
- Буҳодуров Ш.Б., Усмонов Ш.Ҷ., Азизхонов И.М. Органи кории марказӣ (сошник) барои шинонидани ниҳолҳои мевагӣ. №TJ 849, 14.04.2015.
- Буҳодуров Ш.Б., Буҳодуров И.И. Корд барои пайванд намудани дарахтони мевагии бисёрсола ва буттаҳои ангур. №TJ 1072, 16.07.2018.
- Буҳодуров Ш.Б., Мирзомидинов И.М. Органи корӣ барои пошидани нуриҳои органикӣ. №TJ 1045, 16.07.2018.
- Буҳодуров Ш.Б., Ваҳобов М. Тухмипошак барои кишти қатори тухмии пиёз. №TJ 1046, 16.07.2018.
- Воҳидов А.А., Азизов Р.О., Мирзомидинов И.М. Соплои дастгоҳи регпошанда. №TJ 1056, 25.09.2019.
- Воҳидов А.А., Муҳамадҷони Нурулло, Азизов Р.О., Мавлонов М. Болѓачаи барқӣ. №TJ 1061, 02.05.2019.
МОНОГРАФИЯ ВА КИТОБҲОИ ЧОПШУДА
- Буҳодуров Ш.Б. Основы совершенствования комплекса машин и технологии возделывания виноградников в Таджикистане. Хуҷанд-2007 с.
- Воҳидов Абдуаҳад ва Ёқубов Саидқаҳҳор – Ҷузъиёти мошинҳо (раҳнамои таълим), Хуҷанд – 2015 с.
- Буҳодуров Ш.Б. Гидравлика ва ҳаракатоварҳои гидравликӣ. Хуҷанд – 2018 с.
- Муҳидинов Қ.Р. Техникаи гармӣ. Душанбе-2020 с.
- Буҳодуров Ш.Б., Воҳидов А.А., Усмонов Ш.Ҷ. Роҳҳои баланд бардоштани эътимоднокии мошинҳои кўҳӣ. Бўстон-2021 с.