Мудири кафедра: Абдуллоев Муҳамдхӯҷа Аҳмадхоҷаевич
Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Унвони илмӣ: н.и.т.
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ (бо луғат)
Тел: 92-600-43-96, E-mail: Mukhammad2107@mail.ru
Суроғаи корӣ: кабинети мудири кафедра – ҳуҷраи №117
1. Таърихи ташкилёбии кафедра
Тараққиёти соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нафту газ, металлургия ва гидроэнергетика барои рушду нумӯи Ҷуҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соҳаҳои даромадноки хоҷагии халқ хело муҳим арзёби мешавад. Бо назардошти ин мақсад, барои амали намудани сиёсати давлатӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои номбурда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1737 аз 24.04 соли 2006 дар заминаи коллеҷи Кӯҳӣ-металлургии ш.Чкалов (собиқ Техникуми осиёимиёнагии Иттифоқи Советӣ) Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Кафедраи таъминоти барқ сарчашмаи худро аз давраи Коллеҷи кӯҳӣ- металлургии Чкалов гирифтааст. Кафедраи мазкур соли 2003 бо номи кафедраи Энергомеханика таъсис ёфта, аввалин мудири он Раҳматов Раҳим Раҳматович – номзади илмхои педагогӣ , дотсент таъин шуда буд. Ӯ ин вазифаро то таъсисёбии ДКМТ ба ӯҳда дошта, пояҳои аввалини таъминоти кадрӣ, танзим намудани нақшаҳои таълимии ихтисос ва дар умум фаъолияти кафедраро ба роҳ мондааст.
Баъди таъсисёбии ДКМТ кафедра бо қарори Шӯрои олимони Донишкада №82 «К» аз 05.09.2007 сол дар заминаи кафедраи энергомеханика таъсис дода шуда, ба ҳайати факултети энергомеханика вобаста карда шудааст.
Роҳбарии кафедраро аз моҳи сентябри соли 2007 то марти соли 2016 номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Қодиров Абдураҳмон ба ӯҳда дошт.
Аз моҳи марти соли 2016 то 03.01 соли 2017 роҳбарии кафедраро сармуаллим Ҳошимов А.А. ба ӯҳда доштааст.
Аз моҳи январи соли 2017 то 31.08.2021 роҳбарии кафедраро н.и.т., дотсент Шамсиев Р.М. ба ӯҳда доштааст.
Аз моҳи сентябри соли 2021 роҳбарии кафедраро н.и.техникӣ Абдуллоев М.А. ба ӯҳда дорад..
2. Ҳайати омӯзгорони кафедра
Аз соли таҳсили 2008-2009 сар карда вобаста ба зиёд шудани теъдоди донишҷӯён ба кафедра омӯзгорони зерин ба кор қабул карда шуданд: Мавлонов А., Ҳошимов А.А., Насриддинов Т., Пӯлотов С., Сангинов А.К., Иброҳимов И., Шарипов И.Ш., Ваҳобов О.И., Ҷалолов М.С., Тошхӯҷаева М., Шокирова И., Сангинов М., Ҳусейнов Г.Н., Бобоев Ш.А., Зокиров М.Ш., Иброҳимов Р.И., Одирматова У.Б., Ҳомидова М.И., Умедов Ш.Т., Мухторов Ф.Б., Бобоева Н.Б., Эшов З.С., Зарифов С.О., Негматова М.Н., Мӯминов А.Ш.
Ҳоло дар кафедра 14 нафар омӯзгорон фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 12 нафар омӯзгорони штатӣ, 3 нафар муштараквазифаи дохилӣ мебошанд. Аз ин микдор 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон ва 2 нафар номзади илм муаллими калон мебошанд.
№
|
Ному насаби омўзгор |
Вазифа, унвони илмӣ |
Фанни таълимии устод |
Суроға, ҷои кори асосӣ |
11. |
Абдуллоев Муҳамадхӯҷа Аҳмадхоҷаевич |
н.и.т., мудири кафедра |
Фанҳои тахассусӣ |
н. Б.Ғафуров ДКМТ |
2. |
Шамсиев Рауф Маъмурович |
н.и.т., дотсент |
Фанҳои тахассусӣ |
н. Б.Ғафуров ДКМТ |
3. |
Қодиров Абдураҳмон |
н.и.ф-м., дотсент |
Фанҳои тахассусӣ |
н. Б.Ғафуров ДКМТ |
4. |
Иброҳимов Исмоил |
муаллими калон |
Фанҳои тахассусӣ |
ш.Хуҷанд ДКМТ |
5. |
Абдилламидов Нусратулло |
муаллими калон |
Фанҳои тахассусӣ |
ш.Гулистон ДКМТ |
6. |
Ҳошимов Абдурафиқ Абдурасулович |
муаллими калон |
Фанҳои тахассусӣ |
н.Б.Ғафуров ДКМТ |
7. |
Бобоев Шӯҳрат Абдусаломович |
ассистент |
Фанҳои тахассусӣ |
н.Б.Ғафуров ДКМТ |
8. |
Ҳомидова Машҳура Исматҷоновна |
ассистент |
Фанҳои тахассусӣ |
н.Б.Ғафуров ДКМТ |
9. |
Одирматова Умедахон Бобочоновна |
ассистент |
Фанҳои тахассусӣ |
ш.Хуҷанд ДКМТ |
10.
|
Эшов Зулфон Субҳонович |
ассистент
|
Фанҳои тахассусӣ |
ш.Бӯстон ДКМТ |
11. |
Ҳакимбеков Сайдуллобек Муҳаммадҷонович |
ассистент |
Фанҳои тахассусӣ |
н.Б.Ғафуров ДКМТ |
12. |
Қозиев Камолуддин Сангинович |
дотсент (муштараки дохила) |
Фанҳои тахассусӣ |
ш.Хуҷанд ДКМТ |
13. |
Мирбобоев Равшан Рустамҷонович |
ассистент (муштараки дохила) |
Фанҳои тахассусӣ |
н.Б.Ғафуров ДКМТ |
3. Самтҳои омодасозии мутахассисон-ихтисосҳо
То соли 2007 омӯзгорони кафедра барои ихтисосҳои 1004- электромеханикаи кӯҳӣ, 2010- системаҳои бисёрканали телекомуникатсионӣ ва 2011 – радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизионӣ аз фанҳои марбути кафедра таълим медоданд.
Аз соли 2007 кафедра аз рӯи ихтисоси 430103-01Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ мутахассисони муҳандис-энергетик тайёр мекунад.
Соли таҳсили 2007-2008 аввалин довталабон ба ихтисоси 430103-01(1801)- таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ қабул карда шуданд.
Соли таҳсили 2011-2012 аз рӯи ихтисоси 430103-01 Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ аввалин хатмкунандагон 28 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 6 нафар дар шӯъбаи ғоибона соҳиби дипломи мутахассис, муҳандис-энергетик шудаанд.
Аз ибтидои фаъолият то соли таҳсили 2016-2017 дар кафедра аз рӯи ихтисоси 430103-01 ТКСБ 490 нафар (398 нафар шӯъбаи рӯзона, 92 нафар шӯъбаи ғоибона) мутахассис тайёр карда шудааст.
Доираи фаъолияти касбии хатмкунандаҳо равияи энергетикаи барқӣ ва ҳароратӣ.
Соҳаҳои фаъолияти касбии хатмкунанда:
-шабакаҳои энергетикаи барқӣ (нерӯгоҳҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли энергияи барқӣ);
-шабакаҳои барқтаъминкунии иншоотҳои техникӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ;
-нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ;
-дастгоҳҳои энергетикии нерӯгоҳҳо ва комплексҳо дар асоси манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва ғайриананавӣ.
Намуди фаъолияти касбии хатмкунанда, мутахассиси дипломдори ихтисоси мазкур ҳалли масъалаҳои зерини касбиро дарбар мегирад:
-лоиҳавӣ-конструкторӣ ва истеҳсолӣ- технологӣ;
-татқиқотӣ;
-истифодабарӣ;
-васлу таъмирнамоӣ ва барқароркунӣ;
-ташкили-роҳбарӣ.
Муҳандисе, ки барномаи асосии таҳсилоти олии касбиро бо равияи тайёр намудани мутахассиси дипломдори соҳаи 430103-01 ТКСБ аз худ кардааст, барои давом додани таҳсил дар аспирантура омода мебошад.
Хатмкунандагони ихтисоси 430103-01 Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ дар корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда истодаанд, чунончи:
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун;
Коргоҳи таъмири қатораҳои Маҳрам;
ҶДММ КМ “Зарафшон”;
ҶДММ КМ “ Анзоб”;
ҶДММ “Ҷавонӣ”;
ҶСП “Норд Азия Металл”;
ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум”;
КВД “Фулузоти нодир”;
Шабакаҳои барқии Суғд;
ҶМТКММ “Апрелевка”
КМ Тоҷикистону Хитой “Зарнисор” ва ғайра
4.Китобу дастурҳои таълимӣ барои кӯмак ба донишҷӯён
- Агеев В.А. Нетрадиционные и возобновляемые источники энергии. М.: Энергия,1987.
- Альдо В. да Роза Возобновляемые источники энергии. Физико-технические основы: учебное пособие / пер. с англ. Под редакцией С.П.Малышенко, О.С.Попеля. – Долгопрудный: Издательский дом «Интеллект»; М.:Издательский дом МЭИ; 2010. – 704 с.: ил.
- Ахмедов Р.Б. Нетрадиционные и возобновляемые источники энергии. М.: О-во “Знание”, 1989.
- Калашников Н.П. Алтернативные источники энергии. М.: О-во “Знание”, 1988.
- Мировая энергетика: прогноз развития до 2020 г Пер. с анг. М.: Энергия, 1980.
- Твайделл Дж., Уэйр А. Возобнавляемые источники энергии. Пер. с анг. М.: Энергоатомиздат, 1990.
- Зайчик М.Д. Сборник задач и упражненый по теоритической электротехника. М.: Энергоатомиздат, 1988.
- Данилов. П.М. Дидактический материал по общей электротехники с основами электроники. М.: Высшая школа, 1987.
- Епанешников М. М. Электрическое освещение-М. Л.: ГЭИ, 1962.
- 10. Чеботаев И. И. Электрооборудование и электроснабжение открытых горных работ. М.: Горная книга, 2009.
- Харлов Н.Н. Правила техники эксплуатации и техники безопасности электроустановок, Томск, ТПУ 2007.
- Лабораторный практикум по курсу Правила техники безопасности и эксплуатации электроустановок, Издательство ВСГТУ Улан – Удэ 2004
- Гельфанд Я. С. Релейная зашита распределительных сетей. М.: Энергия, 1987, 368 с.
- Иванов-Смоленский А.В. Электрические машины. Учебник для вузов. том 1 и 2. –М.: Издателский дом МЭИ. 2006, 531с.
- Федоров А. А. Каменева И.М. Основы системы электроснабжения промышленных предприятий. М.: Высшая школа. 1984.
- Справочник по электроснабжению и электрооборудованию под ред. Федорова А. А. т1 и 2. М.: Энергоатомиздат. 1986, 1987.
5. Илм
Солҳои 2007-2018 кафедра фаъолияти илмии худро тибқи Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ- тадқиқотии умумидонишкадавӣ ба роҳ монда ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст.
Устодони кафедра дар таёйр ва нашр намудани китобҳо, дастурамалҳо, барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён фаъолият намуда дар тӯли фаъолияти кафедра чунин маводҳоро нашр намуданд:
- Нахуст патент таҳти унвонӣ №62 «Пневмогидрастатический котел». Азизов Р.О., Қодиров А.
- Патенти ихтироот №603 «Патрон ва бун барои лампаҳои люминессентии хурдҳаҷм». Қодиров А., Ҳошимов А.
- Патенти ихтироот №873 «Турбинаи пневмогидравликӣ бо чархи кории шнекӣ». Азизов Р.О., Қодиров А., Ҷалолов М.
- Патенти ихтироот №923 «Дастгоҳ барои ченкунии коэффисиенти гармигузарони наномоеъҳо». Сафаров М.М., Ғуломов М.М., Абдуллоев М.А.
- Патенти ихтироот №919 «Дасгоҳи комплексиӣ офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи гармӣ ва барқи». Сафаров М.М., Ғуломов М.М., Абдуллоев М.А.
- Қодиров А., Муҳаммадюсуфова Ш. Равшанкунии барқӣ. китоби дарсӣ барои донишҷӯёни равияи 430103-01 Таъмини барқ. Хуҷанд-2017.
- Шамсиев Р.М., Қобилов В.А., Аҳмадов Д. Корҳои лабораторӣ аз фанни масолеҳшиносӣ ва ТМК. китоби дарсӣ. Хуҷанд-2017
- Шамсиев Р.М., Иброҳимов И. Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои барқтаъминкунии корхонаҳои саноатӣ. Дастури методӣ оиди иҷрои кори курсӣ барои донишҷӯёни ихтисоси 430103- ТКСБ. Бӯстон 2017, 64 саҳ.
Омӯзгорони кафедра то имрӯз зиёда аз 250 адад мақолаҳои илмӣ, 50 маводҳои таълимӣ-методии фаннӣ ва ғайраро аз чоп бароварданд инчунин онҳо борҳо сазовори ҷоизаю мукофотҳои моддию маънавии намоиш- озмунҳои соҳавӣ гардидаанд.
Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯ ва 3 нафар аспирантон фаъолият мебаранд.
Ҳошимов А.А. – унвонҷӯй дар мавзӯи «Асосҳои методии таълими электротехника дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқотҳои илмии худро бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Исломов О., профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълимии он, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров давом дода истодааст ва дар соли ҷорӣ ба итмом расонидани боби 3-ӯми рисолаи илмиашро ба нақша гирифтааст. Дорандаи 1 патент оид ба ихтироот аст.
Ҷалолов М.С. – аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДКМТ, соли чоруми таҳсил мебошад ва дар мавзӯи «Истихроҷи энергияи гармии об ва коркардҳои илмӣ-техникӣ доир ба табдилдиҳии он ба энергияи электрикӣ» тадқиқот бурда истодааст. То ҳол 6 адад мақолаҳои илмиро, аз ҷумла 2 ададаш мувофиқи мавзӯи илмӣ, аз чоп баровардааст. Имтиҳони минимуми номзадиро аз фанни Философия ва забони англисӣ супоридааст. Дорандаи 1 патент оид ба ихтироот мебошад.
Бобоев Ш.А, аспиранти соли сеюми шуъбаи ғоибонаи «Донишкадаи Давлатии Энергетикии Қазон» дар равияи 130601-Электро и теплотехника (Равияи э
лектротехнические комплексы и системы). Таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усачев А.Е. кори илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодааст. То ҳол 8 адад мақолаи илмӣ навиштааст.
Одирматова У.Б. – ассистенти кафедра ҳамчун унвонҷӯ бо фармони №340 «К» аз санаи 26.05.2018 таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ Қаландаров Ҳусейнҷон Умарович дар мавзӯи «Исследование эксплуатационных свойств воздушных линий электропередач напряжением 6–10–35 кВ (на примере Худжандских городских электрических сетей)» корҳои илмӣ бурда истодааст. То ин дам ду мақола бахшида ба самти кори илмӣ ва як мақола оид ба Захираҳои сарватҳои табиӣ-рушди энергетикии мамлакат чоп намудааст. Имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз ихтисос, философия ва забони англисӣ супоридааст.
Ҳомидова М.И. – аспиранти соли сеюми шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ташаккули инфрасохтори рушди устувори минтақа (дар мисоли вилояти Суғд)” таҳти роҳбарии Авезова М.М. доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳонӣ ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ таҳқиқотҳои илмиро давом дода истодааст.
Дар назди кафедраи таъминоти барқ магистратура аз рӯи ихтисоси 430103-ТКСБ амал менамояд, ки дар он соли таҳсили 2019–2020 10 нафар магистрон дар бахши якӯм ва 3 нафар дар бахши дуюм таҳсил намуда истодаанд.
Дар соли таҳсили 2018-2019 7 нафар магистрантҳои хатмкунанда бо муваффақият рисолаҳояшонро дифоъ намуданд.
6.Базаи моддӣ-техникии кафедра
Кафедра дорои чор адад лабораторияҳои таълимӣ аз фанҳои электротехника ва электроника, электромеханика, ҳимояи релейӣ ва равшанкунии барқӣ мебошад.
Кафедра дар самти корҳои таълимӣ- методӣ бо Шабакаҳои барқии Суғд, ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, НБО «Дӯстии халқҳо» ш.Гулистон ва ғайра ҳамкорӣ дорад.