Кафедраи ташкили ҳамлу нақл

Мудири кафедра: Бобоев Раимҷон Масобирович

Таҳсил: Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникииТоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ)

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат

Тел: +992 92 760 36 60

Email: rahimjon-60@mail.ru

Суроғаи корӣ: ш. Бӯстон, к. Московская 6, бинои иловагӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ

Кафедраи «Ташкили ҳамлу нақл» ҷузъи таркибии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, бо фармоиши Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон №113К  моҳи сентябри соли 2013 таъсис шудааст. Сохтор, феҳрасти хуҷҷатгузорӣ ва самтҳои асосии фаъолияти кафедра дар асоси Оиномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон  ва тибқи «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2006 №8/4 тасдиқ шудааст, муқаррар карда шудааст. Низомномаи мазкур, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия карда шудааст, ҳамчун хуҷҷати асосӣ ва муайянкунандаи фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, илмӣ – тадқиқотӣ ва тарбиявии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ба шумор меравад.

         Самти асосии фаъолияти кафедраи ташкили ҳамлу нақл омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш ва хизматрасонии автомобилӣ мебошад.           Кафедра мутахассисони соҳаи нақлиётро аз рўи ихтисосҳои 440101-01 «Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш» ва  370107-01 – “Хизматрасонии автомобил” омода менамояд.

         Хатмкунандаи ихтисоси мазкур дар корхонаҳои хусусиву давлатии саноатӣ, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (ХДНТСН), бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА), мактабҳои ронандагӣ, марказҳои касбомӯзии соҳаи нақлиёт, терминалҳои боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, муассисаҳои нақлиётӣ автомобилӣ (МНА), ташкилотҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ, хизматрасониҳои логистикӣ, корхонаҳои логистикӣ, нуқтаҳои ташхис ва таъмири автомобилҳо, танзимгари нақлиёт ва ғайраҳо фаъолият карда метавонанд.

Кафедраро солҳои гуногун номзадони илмҳои техникӣ Ваҳобов М.В., Умарҷонов А.А.,  номзади илмҳои педагогӣ Эшонқулов И.А. роҳбарӣ намудаанд. Аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб номзади илмҳои техникӣ Бобоев Р.М. мудира кафедра мебошад.

ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА (БО ҚАЙДИ ВАЗИФА ВА УНВОНИ ИЛМИАШОН)

  • Эшонқулов Ином Азамқулович номзади илмҳои педагогӣ, дотсент;
  • Давлатзода Давлат Сангин – номзади илмҳои техникӣ, дотсент;
  • Шамсиддинов Шӯҳратҷон Мӯминович номзади илмҳои педагогӣ, дотсент;
  • Дадохонов Муқим Махсумович – омӯзгори калони кафедра;
  • Ғаффоров Хушрӯз Нарзуллоевич – омӯзгори калони кафедра;
  • Бақоев Беҳзод Бақоевич– ассистенти кафедра.

БАЗАИ МОДДӢ- ТЕХНИКИИ КАФЕДРА

Соли 2013 бо дастгирии Раёсати донишкада се синфхонаҳои таълимӣ барои кафедра ҷудо карда шуданд. Ҳоло дар кафедра синфхонаҳои таълимии бехатарии ҳаракат дар роҳ (17а), сохт, хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобил(17б),  ва ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш(17г) мавҷуданд, ки онҳо бо асбобу аёниятҳои хониш ва тахтаҳои электронӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд.

КОРҲОИ  ИЛМӢ -ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА

  1. Инкишофи асосҳои илмии амсиласозӣ ва таҳлили равандҳои корӣ, коркард ва асосноккунии нишондиҳандаҳои зеҳнии сохтори органҳои корӣ ва механизмҳои ҳаракатовари мошинҳои технологӣ.
  2. Интихоби технологияи аз лиҳози экологӣ бехатари корҳои боркунӣ – борфурорӣ ҳангоми интиқоли автомобилии борҳои калонҳаҷму вазнин(дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Аз аввали таъсисёбии кафедра то имрӯз аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ба табъ расидаанд, ки аз онҳо  12 ададшон дар маҷаллаҳои КОА – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  нашр шудаанд.

Мавзӯи рисолаи номзадии ассистентони кафедра Ғаффоров Х.Н. “Совершенствование и перспективы развития международных автомобильных пассажирских перевозок Республики Таджикистан со странами Центральной Азии” ва Бақоев Б.Б. “Повышение эффективности автомобильных перевозок грузов в условиях открытых месторождений (на примере Согдийской области Республики Таджикистан) дар кафедраи “Ташкил интиқол ва идора дар нақлиёт ” – и Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, ба номи академик М.С.Осимӣ тасдиқ гардиданд.

ЧОРАБИНИҲОИ КАФЕДРА

Фаъолияти маҳфили «Дӯстдорони автомобил».

Дар кафедра аз моҳи сентябри соли 2014  маҳфили «Дӯстдорони автомобил» фаъолият мебарад, ки мувофиқи нақшаи корӣ ҳар моҳ як маротиба дар он донишҷӯён  дар мавзӯҳои мухталифи соҳаи ҳамлу нақли борҳо  баромад менамоянд.  Роҳбари маҳфили  «Дӯстдорони автомобил» ассистенти кафедра Ғаффоров Х.Н. буда,  35  нафар донишҷӯёни фаъоли бахшҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум ба он аъзо мебошанд.

Кафедра бо корхонаҳо ва муассисаҳои зерини соҳаи ҳамлу нақлии брҳои Ҷумҳурии Тоқикистон барои гузаронидан таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешазхатм ҳамкорӣ дорад;

1.МД “Хизматрасонии нақлиётӣ ва логистикӣ дар вилояти Суғд”.

2.Филиали ассотсиатсияи боркашонии байналмилалии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (АВВАТ).

3.Муассисаҳои нақлиётии автомобилии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд.

4.Корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи саноати кӯҳю металлургӣ.

Барои робитаи ногусастанӣ ва пайванди ҳамешагии илм бо истеҳсолот дар назди филиали ассотсиатсияи боркашонии байналмилалии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (АВВАТ) филиали кафедра ташкил карда шудааст.

ДАСТОВАРДҲОИ УСТОДОНИ КАФЕДРА

Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои зерини таҳия кардашудаи   муаллими калони кафедра Бобоев Р.М.  бо теъдоди 100 нусха аз чоп баромаданд;

  1. Асосҳои хизматрасонии нақлиётӣ – экспедитсионӣ. Хуҷанд. Нашиёти СИ Файзибоев М.М. “Меъроҷ” 2019, 170 саҳ.
  2. Автомобилҳо. Хосиятҳои истифодабарӣ. Хуҷанд.Нашиёти СИ Файзибоев М.М. “Меъроҷ” 2019, 170 саҳ.
  3. Ҳамлу нақли автомобилии борҳо. Хуҷанд.Нашиёти СИ Файзибоев М.М. “Меъроҷ” 2020, 170 саҳ.
  4. Асосҳои боршиносӣ. Хуҷанд.Нашиёти СИ Файзибоев М.М. “Меъроҷ” 2021, 232 саҳ.
  5. “Тавсифи нақлиётӣ ва қоидаҳои ҳамлу нақли намудҳои алоҳидаи борҳо” (васоити таълимӣ). Филипова Н.А., Саломзода Р.С., Бобоев Р.М. Хуҷанд-Меъроҷ, 2024-260саҳ
  6. “Ҳамлу нақли байналмилалӣ” (дастур барои машғулиётҳои амалӣ-лабораторӣ, лоиҳа ва корҳои курсӣ, корҳои семестрӣ ва корҳои мустақилона) Саломзода Р.С., Бобоев Р.М., Наҷмиддинов Ф. Хуҷанд-Меъроҷ 2024-172с.