Кафедраи металлургия

Мудири кафедра: Саидов Бахтиёр Ихтиёрович

Таҳсил: Донишгоҳи милли Тоҷикистон (1977-1982), аспирантураи Пажуҳишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи илмҳои СССР (1987-1990)

Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат

Телефон: +992-92-705-50-67

Email: Saidov.b60@mail.ru

Суроғаи корӣ: Кафедраи металлургия, утоқи М1

 

Таърихи ташакулёбии кафедра

Дар асоси Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, дар сохтори Донишкада кафедраи металлургия ва технологияи химиявӣ бо фармони ректори донишкада № 21 «К» аз 1 октябри соли 2006 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Яке аз вазифаҳои асосии кафедраи металлургия тайёр кардани мутахассисони соҳаи кӯҳї-металлургӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти он таъмин намудани озмоишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаҳо ва дарсҳои амалии донишҷӯён тибқи таълими ихтисоси металлургияи металлҳои ранга равона карда шудааст. Корҳои илмӣ-татқиқотии устодони кафедра асосан дар мавзӯи “Коркарди асосҳои физикавӣ-химиявии ҳосил намудани хӯлаҳои алюминий барои комплекси мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди маротибаи дуюми партовҳои саноатӣ” ба роҳ монда шудааст.

Барои ҷалб намудан ва бедор кардани ҳисси илмомӯзии донишҷӯён дар назди кафедра маҳфили «Металлург» амал мекунад, ки донишҷӯён дар он корҳои илмӣ-татқиқотӣ мегузаронанд ва дар асоси он мақолаҳои илмии худро таълиф мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни кафедра низ дар ин муддат ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ва донишкадаро бо димломҳои аъло хатм намудаанд. Аз он ҷумла, донишҷӯи солҳои хониши 2007-2012-и кафедраи металлургия Амонулло Фарида дар солҳои хониши 2009-2010 ба Стипендияи раиси вилояти Суғд ноил гардида, ДКМТ– ро бо дипломи аъло хатм намудааст. Ҳамзамон ба вазифаи ассистенти кафедра металлургия фаъолият намуда истодааст. Донишҷӯи солҳои хониши 2008-2013 Шамсидинова Мутриба Дадоҷоновна дар соли 2008 барои меҳнати босуръат, ғайрату ҳиммати баланд, саҳми назаррасу арзанда дар маъракаи пахтачинии «Ҳосил – 2008» ба сипосномаи раиси вилояти Суғд сазовор гардида дар соли хониши 2010-2011 ба стипендияи раиси ноҳияи Б. Ғафуров ноил гардидааст. Пас аз бо дипломи аъло хатм намудани ДКМТ дар кафедраи металлургия ба вазифаи ассистент ба кор шурӯъ намудааст. Донишҷӯи солҳои хониши 2010-2015 – и кафедраи металлургия Ашӯров Мӯҳсин Саломович дар солҳои хониши 2012-2013 дорандаи Стипендияи раиси вилояти Суғд, дипломи «Донишҷӯи соли 2013», ифтихорномаи ДКМТ ва раиси кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуда ба вазифаи ассистенти кафедраи металлургия ба кор шурӯъ намудааст. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯи соли хониши 2013-2018 Раҳимов Ҳаётқул Шифоқулович дар соли хониши 2014 ба гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Бӯстон муяссар гардидааст. Дар соли хониши 2015 дар озмуни ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён иштирок намуда сазовори шаҳодатномаи Раиси вилояти Суғд гардид. Соли 2017 дар омуни «Донишҷӯи соли 2017», иштирок карда ба  ифтихорномаи ДКМТ ва раиси кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сазовор  гардидааст. Соли 2018 донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуда ба вазифаи ассистенти кафедраи металлургия ба кор шурӯъ намуд.

Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барои корхонаю муассисаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-истеҳсолӣ бо корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ, илмӣ-татқиқотӣ, лоиҳакашӣ-конструкторӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд. Кафедра бо КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», КМТК «Апрелевка», КМММТА «Анзоб», КМММ «Зарафшон», КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶММ «Ширкати кӯҳї-саноатии Тоҷикистон-Хитой», комбинати металлҳои нодири Ленинобод шартномаҳо доранд, ки дар онҳо донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Ҳамкорӣ барои иҷрои корҳои илмӣ-татқиқотӣ, гузаронидани санҷишҳои истеҳсолӣ ва дастовардҳои илмӣ-техникӣ, ҷорӣ намудани ихтироотҳо ва навовариҳо, инчунин ҳамкорӣ оид ба табъ расонидан ва нашри дастурҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Ҳайати омӯзгориву профессории кафедра

Дар солҳои таъсисёбии кафедра 4 нафар омӯзгорон фаъолият мебурданд: доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, сармуаллим Мавлонов Абдусалом, сармуаллим Филиппова Тамара ва сармуаллим Пӯлотов Сироҷ. Дар давоми даҳ сол ӯҳдадории мудири кафедра ба зиммаи доктори илмҳои техникї, профессор Назаров Х.М. буд.

Дар айни замон шумораи кадрии кафедра афзоиш ёфта ҷавонони болаёқат ба кор фаро гирифта шудаанд. Ҳоло дар кафедра омӯзгорони зерин фаъолият бурда истодаанд: Саидов Б.И. – дотсент, Каримов Муродхон Илёсович – номзади илмҳои техникӣ, дотсент; Мӯминов Усмонҷон Абдунабиевич – номзади илмҳои химия, дотсент; Шамсидинова Мутриба Дадоҷоновна – самуаллим; Қодиров Абдурашид Абдураҳмонович – ассистент (мудири озмоишгоҳ); Фаридаи Амонулло – ассистент; Раҳимов Ҳаётқул шифоқулович –ассистент(сарлобарант).

 

Самтҳои омодасозии ихтисосҳо

Дар давоми сенздаҳ сол кафедра ҳамчун кафедраи тахассусї мутахассисони ихтисосҳои 42010101-04 – металлургияи металлҳои ранга ва 520201-технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ тайёр менамояд.

 

420101-0104 – металлургияи металлҳои ранга

420101-0104 – муҳандис – металлург, коркард ва гузаронидани равандҳои технологӣ барои ҳосилкунӣ ва коркарди маснуотҳои металлӣ ва хӯлавӣ, коркарди ашёҳои техногенӣ, коркарди технологияи каммасраф дар соҳаи металлургия.

 

520201-технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ

520201-муҳандис –заргар, коркард ва гузаронидани равандҳои технологӣ барои ҳосилкунӣ ва коркарди маснуотҳои заргарӣ, ҳосил кардани ҳӯлаҳои гуногун, сохтани маснуотҳои заргарӣ, баҳодиҳии сифати маснуотҳои заргарӣ.

 

Курсҳое, ки аз тарафи устодони кафедра хонда мешавад

  • Металлургияи металлҳои сабук
  • Металлшиносӣ
  • Асосҳои истеҳсолот ва коркарди металлҳо
  • Назарияи равандҳои электрометаллургӣ
  • Назарияи раванди гидро- ва электро-металлургӣ
  • Истеҳсолоти металлҳои душворгудоз ва балоиҳагирии коргоҳ
  • Назарияи равандҳои пирометаллургӣ
  • Металлургияи металлҳои вазнини ранга
  • Металлургияи металлҳои асил
  • Технологияи металлҳо
  • Муқаддимаи ихтисос ва таърихи металлургия
  • Назарияи равандҳои гидрометаллургӣ
  • Металлургияи металлҳои нодир

 

Дастовардҳои кафедра

Дастовардҳои кафедра дар ин муддати кӯтоҳ бениҳоят назаррас аст. Аз тарафи устодони кафедра 10 адад патент, 7 адад китобу монографияҳо ва 40 адад дастурҳои методӣ ба табъ расидаанд.

 

Базаи моддию техникии кафедра

Дар кафедраи металлургия 3 озмоишгоҳї соҳавї амал менамояд:

  • Синфхонаи М2 «Озмоишгоҳи электрометаллургия»

Назарияи равандҳои электрометаллургӣ, корҳои озмоишӣ оиди ҳосил кардани металлҳо бо усули электролиз гузаронида мешавад.

  • Синфхонаи М9 «Озмоишгоҳи пирометаллургия»

Назарияи равандҳои пирометаллургӣ, корҳои озмоишӣ оиди ҳосил кардани металлҳо бо усули пирометаллургӣ гузаронида мешавад.

  • Синфхонаи М10 «Озмоишгоҳи гидророметаллургия»

Назарияи равандҳои гидрометаллургӣ, корҳои озмоишӣ оиди ҳосил кардани металлҳо бо усули гидрометаллургӣ гузаронида мешавад.