Мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ
номзади илмҳои иқтисодӣ
Облоқулов Воҳид Мирзоқулович
Телефон: +992 (92) 734-11-88
Email: Vohid.o@mail.ru
Таърихи ташаккулёбии кафедра
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ихтисоси Коллеҷи кӯҳӣ – металлургии Чкалов аз фанҳои иқтисодӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт аз санаи 31.03.2000 кафедраи иқтисодиёт ва менеҷмент таъсис ёфтааст.
Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ҷузъи таркибии сохтори донишкада буда, дар байни донишҷӯён корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва дар байни омӯзгорон корҳои илмию методиро бо назардошти нақшаи дурнамои корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотии умумидонишкадавӣ, Низомномаҳои дохилӣ ва намунавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи маориф тааллуқ доранд, ба роҳ монда ба дастовардҳои муайян ноил мегарданд.
Аз соли таъсисёбиаш ҳамчун кафедраи тахассусӣ мутахассисони ихтисосҳои 0611 – менеҷменти соҳа, 0608 – иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи кӯҳию металлургӣ, 250101-07 – иқтисодчӣ – менеҷер, 270101-09 – муҳандис-иқтисодчиро тайёр намудааст. Хатмкунандаи ихтисоси мазкур дар корхонаҳои хусусиву давлатии саноатӣ, ташкилоти молиявӣ, қарзӣ, маркетингӣ ва мақомоти давлатӣ дар вазифаи иқтисодчӣ-таҳлилгар, муҳандис – иқтисодчӣ, муҳандис иқтисодчии шӯъбаи истеҳсоли – техникӣ, муҳандис оид ба ташкил ва идоракунии истеҳсолот, нозири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муҳандис иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, мутахассис оид ба таъминоти модӣ – техникӣ, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаҳо ва ғайраҳо фаъолият карда метавонанд.
Устодон то ин дам зиёда аз 120 адад мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 29 адад мақолаҳое, ки аз тарафи КОА эътирофшуда, 3 китоби дарсӣ, 24 маводҳои таълимӣ-методии фаннӣ, 45 номгӯи силабусҳои фаннии марбут ба кафедраро таҳия намуда, аз чопи расмӣ баровардаанд.
Дар соли таъсисёбии кафедра омӯзгорон Шарипова Б.А., Сатторов М.С., Воситов Х., Акрамов Р., Зиёев Р.З., Назаров Х С., Сатторов М.С., Саидов М.К., Латипова М.Ҷ., Исобоев П., Гадобоев Ф., Эгамбергиев О.А., Махкамов Ш.,Собирова Ш.Р.,Ниязова С.К., Раҳматов А.А., Асатова Г.У., Эгамбердиев Н.Н., Назарматов А.А, Гулмуродова З., Муҳамадюсупова Ш.А. кору фаъолият намудаанд.
Ба кафедра дар солҳои гуногун роҳбарӣ кардаанд:
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоева Ойим Исматовна. – 03.2000 то 02.12.2002с;
- сармуаллима Шарипова Башорат Абдурозиқовна – аз 12.2002 то 15.06.2005;
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторов Мансур Сатторович – аз 03.2009с. то 10.03.2009;
- номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Хуршед Собирҷонович аз 09.2010с. то 01.09.2012с.
- муаллимаи калон Ниязова Саломат Каримовна 05.10.2012с. то 01.09.2015с.
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Юсупов Хуршедҷон Маҳмудҷонович аз 01.09.2015с. ва 06.04.2021с.
- номзади илмҳои иқтисодӣ Облоқулов Воҳид Мирзоқулович – аз 004.2021 то ҳол.
Ҳайати педагогӣ
Дар соли таҳсили 2020 – 2021 дар кафедра 9 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мебаранд. Аз он ҷумла 4 нафар штатӣ, 5 нафар муштараквазифаи дохилӣ мебошанд.
Айни замон дар кафедра фаъолият менамоянд: мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ Облоқулов В.М., Мирсаидова Ф.А. – номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент, Ниязова С.К. – муаллимаи калон, Раҳматов А.А. – муаллими калон, инчунин муштараквазифаҳои дохила – номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Саидов М.К.– номзади илмҳои иқтисодӣ, Назарматов А.А., – ассистент, Муҳамадюсупова Ш.А. – ассистент, Назарова Б. – коргузор фаъолият бурда истодаанд.
Осори илмии устодони кафедра
Сатторов М.С., Юсупов Х.М. – китоби дарсӣ «Иқтисодиёти корхона», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2018;
Сатторов М.С., Юсупов Х.М. – китоби дарсӣ «Назарияи иқтисод», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2017;
Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ Саидов М.К., Раҳматов А.А., Ғаффоров С.Ҷ., – китоби дарсӣ «Менеҷменти экологӣ», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2021;
Сатторов М.С., Ниязова С.К., Раҳматов А.А., – роҳнамои таълим «Идоракунии (менеҷменти) корхонаҳои истеҳсолӣ ва буҷетикунонии он», шаҳри Бӯстон – DIYOR PS, 2018;
Собирова Ш.Р. – монография «Развития розничного рынка энергетических услуг в экономике Таджикистана: Состояние и перспективы» – шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2021;
Вазифаҳои кафедра
Ба ӯҳдаи кафедра чунин вазифаҳо гузошта шудаанд:
– ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи баланди илмию назариявӣ); роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ, курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷўён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони ҷорӣ;
- ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷўён;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;
- пешниҳоди тақриз ва хулоса ба барномаҳои таълимие, ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
- таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусҳои нав;
- ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
- роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷўён;
- муҳокимаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ-истеҳсолӣ;
- ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
- баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
- омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорони кафедра;
- дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
- таҳия ва баррасии чорабиниҳо оид ба истифодаи маводҳои муосири таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ;
- муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, барои дифоъ пешниҳод намудани онҳо;
- бо супориши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муҳокима ва баррасии рисолаҳои номзадӣ ва доктории аз берун воридшаванда;
- барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи назария бо амалия;
- ташкили робитаи мунтазам бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
- ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омўзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
- ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра;
- муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.
Бо мақсади густариш бахшидани ҳамкории байни донишкада, кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ба корхонаҳои саноатии соҳавӣ, зичтар намудани алоқаи раванди таълим бо истеҳсолот, ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимиву истеҳсолӣ ва тайёр намудани мутахассисони салоҳиятноки ба талаботҳои кордиҳанда ҷавобгӯ донишкада, кафедра бо корхонаҳои соҳавӣ барои таъсиси филиали кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар ҶСП “Норд Азия Металл” Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳа барои корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ, аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-истеҳсолӣ, илмӣ-татқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶМТКММ «Апрелевка», ҶММТАКМ «Анзоб», ҶДММКМ «Зарафшон», КВД «Ширкати алюминийи точик», ҶММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Элегант», ҶСК «Комбинати фулузотии нодири Ленинобод» шартномаҳо дорад, ки дар он ҷо донишчуён таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд.
Ихтисоси кафедра
Ихтисоси кафедра: 270101-09- “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот” (Иқтисодиёти саноатӣ).
Касб: муҳандис–иқтисодчӣ.
Доираи фаъолият дар соҳаи илм ва техника.
Амалигардонӣ, баҳисобгирӣ ва назорати амалиёти иқтисодӣ ва молиявӣ оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ; Идоракунии зерсохторҳои ташкилот ва кормандони он; Ташкили таъминоти иттилоотӣ ва ҳуҷҷтнигории идоракунӣ; Мукаммалгардонии технологияи идоракунӣ; Идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ.
Объектҳои фаъолияти касбӣ
Объектҳофаъолияти касбии хатмкунандаҳо чунинанд:
- Корхонаҳои соҳаи саноат (хоҷагии халқ)-и шаклҳои гуногуни ташкилӣ-ҳуқуқӣ, зерсохторҳои таркибии истеҳсолӣ ва функсионалии онҳо;
- Объекти инфрасохтори корхона;
- Ташкилотҳои лоиҳавӣ;
- Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- Муассисаҳои маориф (таълимӣ);
- Органҳои идоракунии давлатӣ ва идоракунии маҳаллӣ.
Намуди фаъолияти касбӣ
Хатмкунанда, бакалавои дипломдори ихтисосҳои тайёр карда шавандаи самти “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳслот” барои ҳалли масъалаҳои зерини касбӣ тайёр карда мешаванд:
- истеҳсолӣ-технологӣ;
- ташкилӣ-идоракунӣ;
- илмӣ-тадқиқотӣ;
- лоиҳавӣ.
Талаботҳо оид ба фаъолияти касбии хатмкунанда
Муҳандис аз рӯи самтҳои “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот” барои ҳалли масъалаҳои зерини касбӣ омода мешаванд.
Фаъолияти истеҳсолӣ–технологӣ:
- ҳисоб намудани нақшаҳо ва қисмҳои асосии таҷҳизотҳои коргоҳҳои истеҳсолӣ;
- муайян намудани реҷаи кории аниқи технологии коргоҳҳои металлургия ва саноати кӯҳӣ.
Фаъолияти ташкилӣ–идоракунӣ:
- ташкили кор ва ҷобаҷо гузории фаъолияти коллективӣ-истеҳсолӣ;
- назорат аз болои интизоми меҳнат, истеҳсолот ва иҷоиши талаботҳои техникаи бехатарӣ.
Фаъолияти илмӣ–тадқиқотӣ:
- сохтани намунаҳои тадқиқотҳои амалӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва коркарди натиҷаҳои он.
Фаъолияти лоиҳавӣ:
- омодакунии лоиҳаҳои таҷҳизотҳои таъиноташон гуногун;
- нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ;
- балоиҳагирии стратегии корхона.
Аз давраҳои мухталифи ҳаёти кафедра: