Кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ

5 сентябри соли 2009 дар асоси Оинномаи Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо Қарори № 1 Шўрои олимони Донишкада дар сохтори факултети корҳои кўҳӣ кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ таъсис дода шудааст.
Аввалин мудири кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҷалолов А. Ф. таъин шуда буд. Дар он вақт дар кафедра ҳамагӣ чор нафар омўзгорон фаъолият мебурданд, ки аз онҳо се нафар номзади илм, дотсентон ва як сармуаллим буданд.
Кафедра фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пеш мебарад. Яке аз вазифаҳои асосии кафедра ташкили ҷараёни таълим аз фанҳои геометрияи тасвирӣ, графикаи муҳандисӣ ва фанҳои тахассусии ихтисосҳои корҳои маркшейдерӣ, сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ мебошад.
Айни ҳол дар кафедра чор нафар номзадҳои илм, дотсентон – Ниёзов Аҳмадҷон Маҳмудҷонович, Ҷалолов Амирҷон Фахриддинович, Ёқубов Соҳибҷон, Ҷўраев Музаффарҷон Каримҷонович, панҷ нафар сармуаллимон – Расулов Худойбердӣ Эсанбоевич, Тоҳиров Абдулатиф Сиддиқович, Исматов Шавкат Рафиқович, Исоева Муҳаббат Қурбоновна, Тойирова Шарофат ва ду нафар асистентон – Юсупов Саидакрамхоҷа Мўминович, Боев Муродбек Бекмаҳмадович ва лаборант Шеров Зоҳир Мирраҷабович фаъолият бурда истодаанд.
Баробари таъсисёбӣ кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ ба сохтори факултети корҳои кўҳӣ вобаста карда мешавад. Кафедра аз рӯи ду ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд: корҳои маркшейдерӣ ва сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ.
Кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисиро аз рўзи таъсисёбиаш Ҷалолов А. Ф. (2009-2012), Ёқубов С. (2012-2014), Ниёзов А. М. (2014-2015) сарварӣ намуда, айни ҳол Ҷӯраев М. К. (аз моҳи октябри 2015) сарварӣ менамояд.
Кафедра доир ба тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисоси 700201-06 – сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ дар солҳои таҳсили  2011-2012 – 9 нафар, 2012-2013 – 7 нафар, 2013-2014 – 10 нафар, 2014-2015 – 9 нафар ва 2015-2016 – 9 нафар ва аз рўи ихтисоси 510201 «Корҳои маркшейдерӣ» дар соли таҳсили  2011-2012 – 18 нафар, 2012-2013 – 26 нафар, 2013-2014 – 15 нафар ва 2014-2015 – 23 нафар ва 2015-2016 – 32 нафар саҳми худро гузоштааст.
Базаи моддӣ-техникии таълимии кафедра бо таҷҳизотҳо ва воситаҳои муосир таъмин буда (барои ихтисоси корҳои маркшейдерӣ) ба талаботи тайёр кардани мутахассисони соҳа ҷавобгў мебошанд.
Утоқҳои таълимии кафедра дорои мизҳои нақшакашӣ, плакатҳои методӣ бо нишондоди стандартҳои давлатии ЕСКД, аз рӯи ҳамаи мавзўҳои машғулияти амалӣ мебошад. Ҳамчунин дар кафедра, намунаи корҳои курсӣ  аз сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ, корҳои графикӣ аз фанни графикаи муҳандисӣ, моделҳо барои иҷроиши «эскиз», албомҳо барои ба деталҳо ҷудокунӣ, дастурҳои методӣ барои иҷроиши корҳои графикӣ, моделҳои ҳамвориҳои проексияҳо ва ташаккулёбии тасвир бо методи проексиясозии росткунҷагӣ гирд оварда шудааст.

 

IMAGE

 

Дотсенти кафедра Ҷалолов А. Ф. бо омўзгорони ҷавон машварати корӣ мегузаронад

Утоқи таълимии фанни графикаи муҳандисӣ пурра ҷавобгўи талабот буда, барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва назариявӣ дар гурўҳҳо мусоидат менамояд.
Дар кабинети методӣ бошад адабиётҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ аз ихтисосҳои сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, ҳамчунин корҳои маркшейдерӣ гирд оварда шудааст, ки донишҷўён ва омўзгорон дар вақти зарурӣ метавонанд истифода намоянд.
Аз рӯи нақшаи корҳои илмӣ-методӣ дар соли 2014 ду нафар ассистентони кафедра ба аспирантура дохил шуда, мавзўҳои корҳои илмии худро тасдиқ намудаанд.

Аспирантон ва мавзӯи рисолаи онҳо
Холисов А. А. – аспиранти шўъбаи рўзонаи Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон. Мавзўи тадқиқоти илмиаш «Конструктивно-геометирческое особенности проектирования поддерживающих элементов и опалубки горных выработок».

Робитаҳои кафедра бо истеҳсолот ва муассисаҳои илмӣ-таълимии берунӣ
Кафедра ба ҳамаи кафедраҳои Донишкада, бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ба номи академик М.С. Осимӣ робита дорад.
Тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барои корхонаю муассисаҳои вилояту ҷумҳурӣ, шинос намудани донишҷўён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмию истеҳсолӣ бо корхонаю ташкилотҳои истеҳсолотӣ, илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию тарроҳӣ вазифаи асосии кафедра ба шумор меравад. Кафедра бо корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет»-и шаҳри Чкалов, корхонаи «Апрелевка»,ҶСШК «Ангишт», комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ва комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» шартномаҳо дорад. Дар ин корхонаҳои номбурда донишҷўён таҷрибаомўзии худро гузаронида истоданд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии аъзоёни кафедра

Аз соли таъсисёбӣ то инҷониб аҳли ҷомеаи кафедра фаъолияти илмӣ-татқиқотии худро мувофиқи нақшаи кафедра амалӣ гардонида истодаанд. Баробари ин дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ, байналмилалӣ,  ки дар донишкада ва берун аз он гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок намудаанд.
Аъзоёни кафедра натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар шакли дастурҳои методӣ аз чоп баровардаанд, ки барои беҳтар намудани сифати таълим дар кафедра хизмат мекунад. Аз он ҷумла:
1.Ниёзов А. М., Қозиев К. С. «Қоидаҳои мураттабсозии ҳуҷҷатҳои матнӣ ва графикии лоиҳаҳои курсӣ ва дипломӣ» – Чкалов, 2014с.
2.Тоҳиров А. С. «Асосҳои геодезия ва корҳои маркшейдерӣ» – Чкалов, 2015с.
3.Олов С., Тойирова Ш. «Нақшакашӣ» (қисми 2) – Хуҷанд, 2014с.
4.Юсупов С. М., Боев М. Б. «Дастур оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷўён аз графикаи муҳандисӣ» (бо истифодабарии барномаи Kомпас 3D) – Чкалов, 2014с.