Мудири кафедра: Мирбобоев Шухрат Ҷурабоевич
Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аспирантураи рӯзона Донишгоҳи давлатии нафту газӣ Тюмен
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Донистани забонҳои хориҷӣ: Русӣ, англисӣ, узбекӣ
Телефон: +992 93 997 77 97
Почтаи электиронӣ: mirboboev88@mail.ru
Суроғаи: ш. Бустон, к. Московская 6
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ
Кафедраи геология ва нафту газ дар соли 2006 таъсис ёфта, ки барои пешрафти рушди саноати миллии омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои нафту газ ва конҳои канданиҳои фоиданок равона карда шудааст. Ин мутахасисони варзида барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд. Аз замони таъсисёбӣ кафедра кӯшиш ба харҷ додааст, ки барномаҳои асосии таълимиро дар соҳаи коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ба роҳ монад. Тибқи дурнамои кафедра барои омода намудани мутахассисони нав барои рушди саноати миллӣ низ ба нақша гирифта такмил додааст.
Дар солҳои аввал кафедра на танҳо барномаҳои таълимиро рушд додааст, балки корҳои илмии таҳқиқотӣ доир ба ҳалли масъалаҳои амалия саноати нафтугазбарорӣ ва газ ва бехатарии экологии он ба роҳ мондааст. Дар давраи ибтидоӣ кафедра таваҷҷӯҳи махсус барои омӯхтани конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон равона шудааст. Барномаҳои таълимии кафедра бо талаботҳои бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гардида, омӯзгорони соҳавиро аз саноатҳои маҳаллӣ барои тарбияи мутахасисони дар боло зикршуда ҷалб намудааст.
Дар солҳои 2020 кафедра ба ҳамкории байналмилалӣ васеъ намудааст, ки бо донишгоҳҳои пешсаф ва марказҳои таҳқиқотӣ дар Руссия, Узбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад. Ин ҳамкории бештар ба технологияи муосири таълимӣ ва усулҳои таҳқиқотиро дарбар мегирад, ки ба донишҷӯён ва омӯзгорон имконияти иштирок дар мубодилаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои илмии муштаракро фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, кафедра на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ шӯҳрат пайдо кардааст.
Яке аз мавзеъҳои муҳими таърихи кафедра шурӯъ намудани ихтисосҳои нав, ба монанди геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, пармакунии чоҳҳои нафту газ ва гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ мебошад. Ин соҳаҳои баландихтисос мутахассисонро омода мекунанд, ки метавонанд масъалаҳои актуалии Ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар пешрафти саноат ва бехатарии экологиро ҳал хоҳад кард.
Кафедра бо хатмкунандагони худ ифтихор мекунад, ки саҳми муҳим дар рушди соҳаҳои нафту газ, геология, корҳои пармакунӣ ва соҳаи гидрогеология Тоҷикистон арҷ мегузоранд. Бисёре мутахасисони кафедра дар ширкатҳои калон, ба монанди ҶДММ «Петролеум Сугд», ҶДММ «Суғднафтугаз» ва ” Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум ” ва инчунин дар ширкатҳои хориҷи кишвар, ба монанди “Газпром”, “Роснефть” ва АО “ИНКОМнефть” муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд.
Мувофиқи пешниҳоди кафедра ҳама сола фармоиши донишкада ихтисоси 510101 «Геология ва иктишофи ККФ» ва ихтисоси 510202 коркард ва баистифодабарии конҳои нафту газ барои гузаштани таҷрибаомўзии пешазхатми ба корхонаҳои соҳавии вилояти Суғд фиристода мешаванд. Хусусан ба корхонаҳои саноатии КФ Экспедитсияи Комплексии Геологии Қайроққум, Экспедитсияи геологӣ-иктишофи «Моғиён», ҶМТКММ «Апрелевка», КМ Анзоб ҶДММ Петролеум Суғд ва КВ Суғднафтугаз сафарбар карда мешаванд.
Илова бар ин кафедраи мазкур оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои сахроӣ ва экспедитсияҳо барои донишҷӯёни кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз руйи ихтисосҳои 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ равона месозад.
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ ҷиҳати амалӣ намудани барномаи панҷсолаи рушди саноат, ки солҳои 2022- 2026 «Солҳои рушди саноат» дар ҷумҳурӣ эълон гардидааст, ҳайати профессорию омӯзгории кафедра ва муҳаққиқони ҷавон барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ филиалҳои кафедраҳоро дар корхонаҳои саноати кишвар ва гузаронидани таҳқиқотҳои сахроӣ ва экспедитсияҳо барои донишҷӯёни кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз руйи ихтисосҳои 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ба роҳ мондааст.
Имрӯз кафедраи геология ва корҳои нафту газ идомаи рушди дар асоси стандартҳои байналмилалӣ дар таълим ва таҳқиқоти илмӣ идома медиҳад ва саҳми муҳими худро дар рушди илми-техникии кишвар мегузорад. Ҳар сол кафедра конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Рушди саноати миллӣ ва геологияи Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти кишвар»-ро, ки ба Рӯзи геологияи тоҷик, ки 9 декабр таҷлил карда мешавад, бохабар мекунад. Ин конференсия илмҳои пешрафта, тадқиқотгарон ва мутахассисони соҳаи тадқиқотҳо ва таҷрибаи пешрафта оид ба илмҳоро муттаҳид мекунад, ки кафедраро ба яке аз марказҳои асосии илмии минтақа табдил медиҳад.
БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Мо аз рӯйи ихтисосҳои зерин бакалавр ва магистратураро ба роҳ монда шудаанд:
- Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ
- Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
- Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
- Пармакунии чоҳҳои нафту газ
-
ҲАМКОРИҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТ
Хатмкунандагони кафедраи геология ва корҳои нафту газ хусусан дар соҳаҳои нафту газ, ба корхонаҳои калон ба монанди КФ Экспедитсияи Комплексии Геологии Қайроққум, Экспедитсияи геологӣ-иктишофи «Моғиён», ҶМТКММ «Апрелевка», КМ Анзоб ҶДММ Петролеум Суғд ва КВ Суғднафтугаз, инчунин дар хориҷи кишвар дар АО «ИНКОМнефть» ҳамкори ва фаъолият менамоянд.
Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра имконият пайдо мекунанд, ки дар соҳаҳои зерин фаъолият кунанд:
Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ
Мутахассис: муҳандиси нафтчӣ ва кӯҳӣ
Ҷойи кор: ширкатҳои нафту газ, институтҳои геологии ва лоиҳасозӣ, мақомоти давлатӣ, ки бо назорати захираҳои табиӣ машғуланд фаъолият менамоянд.
Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
Мутахассис: геолог ва муҳандиси кӯҳӣ
Ҷойи кор: ширкатҳои конҳои канданиҳои фоиданок, институтҳои илмӣ, вазоратҳо ва идораҳое, ки бо канданиҳои фоиданок машғуланд, ташкилотҳои хусусӣ ва давлатӣ фаъолият менамоянд.
Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
Мутахассис: гидрогеолог, муҳандиси кӯҳӣ ва эколог
Ҷойи кор: институтҳое, ки бо таҳқиқоти оби зери заминӣ, ширкатҳои сохтмон, ташкилотҳое, ки бо тарҳрезии объектҳо, ки бо таъмини об ва ҳифзи муҳити зист алоқаманданд фаъолият менамоянд.
Пармакунии чоҳҳои нафту газ
Мутахассис: муҳандиси нафтчӣ ва пармагар
Ҷойи кор: ширкатҳои нафту газ, институтҳои геологии ва муассисаҳои илмии махсус, мақомоти давлатӣ, ки бо назорати захираҳои табиӣ машғуланд фаъолият менамоянд.
-
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ бо фаъолиятҳои илмӣ машғул буда, ба ҳаллу фасли мушкилоти актуалии соҳаи нафту газ ва геология, инчунин ба таҳқиқи хусусиятҳои гидрогеологии Тоҷикистон равона шудааст.
- Кафедра дар соҳаҳои зерин таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида истодааст:
- Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ
- Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
- Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
- Баҳодиҳии конҳои нафту газ
- Технологияҳои экологии соҳаи нафту газ
ЭЪЛОН!
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ аънанавӣ таҳти унвони Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар гузаронида мешавад, ки он ҳар сол ба Рӯзи геологияи тоҷик, ки 9 декабр қайд карда намуда дар сатҳи банд гузаронида мешавад.
Дар конференсияи аъанавӣ олимони пешбари соҳа, таҳқиқчиён ва мутахассисонро барои мубодилаи маълумот ва таҷрибаи пешқадами худ ҷамъ меорем. Мо мехеҳем ҳамаи шахсони манфиатдорро барои иштирок дар муҳокимаи мавзӯъҳои актуалӣ ва мушкилот, ки ба геология ва корҳои нафту гази Тоҷикистон марбут мебошанд, даъват менамоем.
-
Маълумоти иловагӣ: http://www.gmit.tj/%d0%ba%d0%be%d0%bd%d1%84%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%81%d2%b3%d0%be/
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАФЕДРА
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои пешрафти ҷаҳон ва муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ фаъолият мекунад. Ин боиси сарфарозист, ки дар бораи дониш, таҷриба ва дастовардҳои илмӣ мубодила мешавад.
Шарикони кафедра:
Донишгоҳи давлатии нафти ва газаи Руссия ба номи И.М. Губкин
Яке аз донишгоҳҳои пешбари Руссия, ки дар омодасозии мутахассисон дар соҳаи нафту газ ихтисос ба роҳ мондааст дар ин замина кафедра ҳамкории бо ин донишгоҳ барои рушди барномаҳои таълимии муштарак ва ташаббусҳои таҳқиқотӣ равона шудааст.
Донишгоҳи давлатии нафти техникӣ дар Уфа
Донишгоҳе, ки бо таҳқиқотҳои худ дар соҳаи муҳандисии нафт шӯҳрат дорад. Шарикӣ фарогирии лоиҳаҳои илмии муштарак ва мубодилаи донишҷӯён бо барномаи «шабакавӣ 1+3» мебошад, ки ин ба рушди ташаббусҳои таҳқиқотии муштарак ва барномаҳо мусоидат мекунад.
Донишгоҳи давлатии нафт ва газӣ Тюмен
Донишгоҳи давлатии нафтии ва газӣ Тюмен барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи нафту газ дар Федератсия Россия нуфузи баланд дорад, ки кафедра дар соҳаи таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ барои мувофиқ кардани талаботи замони муосир равона шудааст ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Донишгоҳи давлатии геологияи Россия ба номи Серго Орҷоникидзе
Шарикӣ таҳқиқотҳои илмиро дар соҳаи геология ва ҷустуҷуи геологиро фаро мегирад, ки ин ба амиқ кардани донишҳои донишҷӯён, аспирантон ва мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунад.
Донишгоҳи илмии геологӣ (Тошканд)
Фаъолияти муштарак барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ ва омодасозии мутахассисон равона шудааст, ки ин раванди таълимии ҳарду ҷонибро хабардор месозанд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, шаҳри Хоруғ
Ҳамкорӣ таҳқиқотҳои илмӣ ва барномаҳои таълимиро дар самти рушди илм дар минтақа фаро мегирад. Ҳамчунин, лоиҳаҳои муштарак ва гузаронидани конференсияҳо пешбинӣ шудаанд.
ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ бо омӯзгорони худ ифтиход мекунад.
Ному насаби омӯзгор |
Вазифа |
Дараҷаи илмӣ |
|
Мирбобоев Шухрат Журабоевич |
мудири кафедра |
номзади илмҳои техникӣ |
дотсент |
Олимов Абдумалик |
и.о. профессор |
номзади илмҳои биологӣ |
и.о. профессор |
Отаев Анвар |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Маҳкамов Файзулло Ғайбуллоевич |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Ашуров Маҳмудҷон |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Почоев Анушервон Абдуқосимович |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Ибрагимов Нодирхон Ҷамолиддинович |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Ибрагимов Искандар Мирзаевич |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Тӯйчиев Ғаффор Тӯйчиевич |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Гуломҳайдарова Хурмо Мирангаловна |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Обидов Боҳовадин Аловаддинович |
ассистент |
|
ассистент |
Разыков Зафар Абдукахорович |
академик |
доктори илмҳои техникӣ |
академик |
Насриддинов Замониддин Зайниддинович |
муовини аввали ректор |
номзади илмҳои геология ва минералогия |
и.в. профессор |
Усмонов Нурали Қиёмович |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Зайнутдинов Абдусамӣ Абдулатифович |
дотсент |
|
дотсент |
Назиров Абдуносир Ҳалимович |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Восихов Шохрух |
омӯзгори калон |
|
омӯзгори калон |
Назарова Маҳина Элмуродовна |
ассистент |
|
ассистент |
Силмонова Сурма Исломбековна |
лаборант |
|
лаборант |
Холиқов Муҳаммад |
лаборант |
|
лаборант |
Акрамов Муродбек |
ассистент |
|
ассистент |
Тамос:
Email: mirboboev88@mail.ru
Телефон: +992 93 997 77 97
Дастовардҳо ва конференсия