Дар остонаи Рузи конситутсия бо донишҷӯёни хобгоҳи №3 тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда вохӯрӣ дар мавзўи “Терроризм ва ифротгароӣ – зуҳуроти номатлуби замони имрӯза” доир гардид. Чорабиниро мудири кафедраи фанхои гуманитари –ичтимои М.Мирзоахмедов ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла, қайд намуд, ки дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм ва терроризм яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Баъдан, мудири шуъбаи тарбия Азизов К. дар мавзӯи “Террорист дину мазҳаб надорад” баромад намуда, зикр дошт, ки дар ҷомеа падидаеро ёфтан мушкил аст, ки мисли дин ба зиндагии одамон наздик бошаду ҳамзамон дар масири таърих ихтилофу моҷароҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда бошад. Ин аст, ки дар фарҷоми асри XX ва оғози асри XXI инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқишаҳо дар нуқтаҳои гуногуни дунё гардидааст. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки имрӯз ифротгароии динӣ маҳз бо истифодаи шиорҳои дини ислом доман паҳн намуда, дар натиҷа ба обрӯ ва манзалати ҳамаи мусулмонон таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҷамъбаст сармуаллими кафедраи фанхои гуманитари-ичтимои А. Саидов ба сухан баромада, аз оқибатҳои даҳшатноки террроризму экстермизм ёдовар шуда, ҷавононро ба илмомўзӣ ва ободониву созандагии кишвар даъват намуд.
Пас аз вохўрӣ донишҷўён ба устодонбо саволҳо муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи иттилоотӣ