ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КУҲӢ: МО ЗИДДИ ТАФАККУРИ ИФРОТӢ!

Дар факултети корҳои куҳии донишкада тадбири  тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Мо зидди тафаккури ифротӣ !” ташкил ва баргузор гардид.

Маҳфилро декани факултет, номзади илмҳои техникӣ , дотсент Гули Самадова ифтитоҳ бахшида, вобаста ба татбиқи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда, гуфт, ки ҷавонон бояд аз шароити мусоид истифода намуда, дар рушди иқтисоди мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Сипас, устоди факултет Абдумалик Олимов  баромад намуда, иброз дошт, ки терроризм зуҳуроти гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусияти равиявию даҳшатангез мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чи дар минтақа ва чи дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, садди роҳи рушди суботи ҷомеаҳо мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки “терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.

Лозим ба ёдоварият,  ки дар ин  мулоқот баробари баррасии масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳамчунин паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифта, перомуни дастовардҳои ҷавонони даврони Истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот ироа гардид. Аз донишҷӯён чун табақаи фаъоли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки савияи дониши худро такмил ва таҳкурсии тахассусиашонро мустаҳкам намоянд, то ин ки дар оянда ҳамчун мутахассиси кордон ба камол расида бошанд.

Инчунин аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сипосгузорӣ карда шуд, ки баҳри пешрафти ҷомеа аз болоравии нархи алоқаи мобилӣ ва Интернет дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд.

 

Шуъбаи  иттилоотӣ