МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Ҳамкасбони муҳтарам!

 Раёсати Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019 №79) санаи 19 – уми октябри соли 2019 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони “Масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ” баргузор мегардад, даъват менамояд. 

Қабули мақолаву фишурдаҳо мувофики самтҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:

  • Сиёсати давлатии илм, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, самҳои афзалиятноки илм ва ихтироъкориву навоварӣ-дастовардҳои даврони истиқлолият;
  • Мушкилоти банақшагирии корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва иҷроиши он;
  • Мушкилоти омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар зинаҳои магистратура, докторантура ва равиши вижаи унвонҷӯӣ;
  • Мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот – манбаҳои муътамади ахбори таҳқиқотӣ;
  • Мушкилоти дастрасӣ ба лаборатория ва коргоҳҳои ташхиси маводҳо;
  • Масъалаҳои табъу нашри маводҳои илмӣ;
  • Масъалаҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот;
  • Ҳифзи моликияти зеҳнӣ;
  • Дурнамои ҳалли мушкилоти самтҳои афзалиятноки илмӣ;
  • Масъалаҳои иштирок ва дарёфти грант ва лоиҳаҳои фаромиллӣ;
  • Масъалаҳои баргузорсозии чорабиниҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва амсоли он;
  • Масъалаҳои марбути рейтинги олимон ва муҳаққиқони кишвар;

 

Забони кори конфронс – тоҷикӣ ва русӣ

Мақола бояд бори аввал нашр ва ироа гардад.

Тибқи талаботи меъёрҳои нигориши мақолаҳо дар ҳаҷми то 10 саҳифа дар формати А4 мавод ба почтаи samoan@mail.ru то санаи 10-уми октябри соли 2019 пешниҳод карда шавад.