ҲИМОЯИ КОРИ СЕМЕСТРӢ АЗ ФАННИ РАВАНДҲОИ ТЕХНОЛОГИИ ИСТЕҲСОЛОТИ МОШИНСОЗӢ

Дирӯз, профессор УМАРҶОНОВ Абдусафо омӯзгори фаъоли кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ усулҳои муосири тарзи ҳимоят кори семестриро ба донишҷӯён фаҳмонида, бо ҳамин усул аз донишҷӯён кори семестриро қабул намуд.
Дар ҷараёни ҳимояи кори курсии донишҷӯён мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Холов Зафар ва дигар омӯзгорон ширкат намуда, ба усули ҷоринамудаи профессор Умарҷонов Абдусафо баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки профессор Умарҷонов Абдусафо аз омӯзгорони фаъол ва пешсаф буда, ҷиҳати ҷори намудани равандҳои нави таълим аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия таҷриба андӯхтааст.