Устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон узви гурӯҳи таҳририи маҷаллаи илмии бонуфуз гардиданд

Се нафар устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзадони илмҳои техникӣ, Умарҷонов А.А., Самадова Г.М. ва Сулейманова Н.А. узви таҳририи маҷаллаи илмии авруосиёгии “Таҳқиқоти бисёрсоҳавӣ” гардиданд.

Умарҷонов А.А. декани факултети металлургия

Айни замон, Умарҷонов А.А. ба ҳайси декани факултети металлургия, Самадова Г.М. ба ҳайси декани факултети корҳои кӯҳӣ ва Сулейманова Н.А. мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Ёдрас мешавем, ки ин узвият бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Устодони донишкада асосан маводҳои илмии самти кӯҳкорӣ, металлургия ва таълимоти муҳандисиро мавриди таҳрир ва тақриз қарор хоҳанд дод.

Самадова Г.М., декани факултети корҳои кӯҳӣ

Минбаъд, устодон, муҳаққиқон ва шогирдон метавонанд, ҷиҳати нашри мақолаҳои илмии худ дар ин нашрияи бонуфузи илмӣ ба устодон Умарҷонов А.А., Самадова Г.М. ва Сулейманова Н.А. ҳамкорӣ намоянд.