Ёдрас мешавем дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Осими Оқил ва чанд тан аз хонандагону фаъолони шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.
Тавре маълум аст, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 №АП-1165 имрӯзҳо дар саросари кишвар ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардида истодааст.
Бо ин мақсад 21 ноябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” доир гардид.
Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, ки то 23-уми ноябр идома ёфт, 90 нафар ғолибони даври қаблӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ширкат намуданд.
Донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асосӣ ва баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор санҷида ва баҳогузорӣ карда шуд.
Хушбахтона дар даври вилоятии озмуни мазкур дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик” ҷойи якум насиби – Осими Оқил – мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон гардида, мавсуф бо сипоснома ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” бошад ҷойи сеюм насиби Шарофиддинова Таййибаҳ (Тайибаи Қодир)– хонандаи синфи IХ Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» гардида, мавсуф бо сипоснома ва 5 000 сомонӣ қадршиносӣ гардид.
Ба ғолибон шахсиятҳом шинохта ба монанди Фарҳод Раҳимӣ, Маҳмадшариф Бобошоҳзода, Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Зевар Давлатзода, Раъно Бобоҷониён, Хол Раҷабов, Марҳабо Олимӣ, Фарзона, Зайнура Азимӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Матлубаи Мирзоюнус ва дигарон сипосномаву туҳфаҳои пулиро тақдим намуданд.
Устод Осими Оқил ва Шарофиддинова Таййибаро бо ин дастоварди арзанда таҳният гуфта, баҳрашон фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем.