Бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баландбардории рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ аз санаи 1 январ то 9 сентябри соли 2019 универсиадаи «Оянда аз назари ҷавонон: аз ғоя то патент» баргузор карда мешавад (синусолӣ аз 18 то 25).
Кори эҷодӣ ё лоиҳаи эҷодӣ метавонанд ҳам аз ҷониби иштирокчии алоҳидаи универсиада ва ҳам аз ҷониби гуруҳи иштирокчиён, мустақилона ё таҳти роҳбарии илмӣ иҷро карда шаванд ва ба Идораи патентии авруосиёгӣ дар муҳлати аз 1 январ то 30 апрел ба шакли коғазӣ ба суроғаи зерин равон карда мешаванд: Россия, 109012, ш. Москва, хиёбони М. Черкасский, хонаи 2. Дар якҷоягӣ бо кори эҷодӣ ба Идораи патентии авруосиёгӣ ариза барои иштирок дар универсиада равон карда мешавад.
Ариза барои иштирок дар универсиада
Ҷоизадорони универсиада бо медали Идораи патентии авруосиёгӣ Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ «Назар ба оянда», туҳфаҳои қимматбаҳо ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.Туҳфаи асосии ғолибони универсиада ин ташриф ба қароргоҳи Идораи патентии авруосиёгӣ дар ш. Москва барои шиносоӣ мебошад.
Маълумоти муфассал: www.eapo.org, www.tajpatent.tj, www.innovation.tj
Маълумот барои ҳамоҳангсозӣ: Тел: 2222153; 935321002; 907762322
E-mail: bahodur.nazarov@mail.ru, haydarr@mail.ru