Омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Раҳимова Шаҳноза дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-046 дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи саноати кӯҳии Тоҷикистон дар нимаи дуюми солҳои 20-охири солҳои 50-уми асри 20 (дар мисоли Тоҷикистони шимолӣ)” бомуваффақият ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои таърих шарафёб гардиданд.
Раёсат ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада муаллима Раҳимова Шаҳнозаро самимона табрик намуда, барои муваффақ шудан дар зинаҳои баланди илмӣ барояшон комёбиҳо таманно менамояд.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо зери дастгирии ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ олимон ҷавон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, талош мекунанд, то ҳамгироии илм бо истеҳсолотро бо дастовардҳои илмии хеш роҳандозӣ созанд.
М. Сайидзода