Ба иттилои ҳамкорон мерасонем, ки омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Муҳаммадюсупова Шамсия Абдураҳмоновна дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-29 назди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Макроэкономические основы инновационного развития национального хозяйства Республики Таджикистан” ҷиҳати дарёфти номзади илмҳои иқтисодӣ- 08.00.05-иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ бомуваффақият дифоъ намуд.
Аз номи Раёсат, ҳайати омӯзгорию профессорӣ ва ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муаллима Муҳаммадюсупова Шамсияро барои шарафёб гардиданашон ба унвони илмӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон муваффақиятҳои бепоёнро дар корҳои минбаъдаи илмӣ-омӯзгорӣ таманно менамоем.