«УМРИ МИЛЛАТ БА УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ». Ва ё «формулаи наҷоти миллат»-и Президенти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Собиқ президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш ҳанӯз дар даврони раёсаташ дар ҳукумати Амрико перомуни Тоҷикистон ва Пешвои он чунин изҳори назар намуда буд:

«Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба давлаташ  ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд….»*.

Маҳз ҷараёнҳои навсохт ва гуногуни мазҳабиву динӣ буданд, ки аввали солҳои 90-ум ҷиҳати гумроҳ шудани ҷавонон роҳ кушоданд. Ва ин, албатта, барои миллати тоҷик хеле гарон афтид ва миллати тоҷик аз ин равандҳо бениҳоят зарар дид. Кор то ҷое расид, ки давлат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Лек ба бахти бузурги миллати тоҷик офтоби саодат равшан шуд ва ҳадяи Яздон ба миллат эҳдо гардид. Ин ҳам ба сари курсии давлатдорӣ омадани фарди ҷасуру меҳанпараст, далеру шуҷоъ ва миллатдӯсту башардӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз Пешвои муаззами миллат тавонистанд миллатро аз варта наҷот бидиҳанд ва маҳз Сарвари хирадманди давлат забони тоҷикиро, ки дар ҳолати бисёр ҳам ногувор ва нобудшавӣ қарор дошт, наҷот доданд.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон  барои ҷовидон мондани забону фарҳанг ва бақои миллат талош мекунанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна садҳо забон аз байн мераванд ва ин танҳо ҳисоби омористу аксарияти забонҳои аз байн рафта дар ин омор ба пуррагӣ ҷой наёфтаанд. Аммо далел ҳамонест, ки забонҳо бинобар аз такаллум дур монданашон ва забони дуюм қарор гирифтанашон дар байни ҷомеа аз байн мераванд ва пурра аз онҳо ном боқӣ мемонаду халос. Новобаста аз талошҳо,  кӯшишҳо баъди вазъомӯзӣ зери  ҷараёнҳои нав ба нав дар ҷаҳони муосир қавмҳо ва миллатҳо низ аз байн рафта истодаанд. Омилҳои зараррасон ва хатарзо хеле зиёданд ва таъсирҳои психологиву омилҳои дигари мағзшӯии аз ҷониби кишварҳои қудратхоҳ роҳандозӣ шуда, новобаста аз хостаҳои мо таъсири худро ба мафкураи ҷомеа мегузоранд. Ва ин, албатта, аз аввалин гомҳои суст намудани пояҳову сутунҳои тамаддуну фарҳанги қавмҳову миллатҳо мебошад.

Ҷангҳои иттилоотии тарҳрезишуда ва барномаҳои махсуси давлатҳои қудратхоҳ, ки бар зидди миллатҳо равона гардидаанд, ҳамеша ба шаклгириву ҷомеасозӣ таъсир мерасонанд, ки он дар суст гардонидани пояҳои фарҳангиву мадании миллат нақши  худро мегузорад. Мо дур нарафта, ин ҳолро аллакай дар худи ҳамин Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида карда метавонем ва ин барои насли ҷавон бояд дарси хубе бошад.

Чизи дигаре, ки ба амнияти забониву фарҳангӣ хатар эҷод мекунад, ин равандҳои тез ивазшавандаи ҷаҳони муосир мебошад. Барномаҳои таҳмилии равандсози бегонаву бар сари мардум таҳмилшуда, амсоли равандҳои шаҳрмаскании ғайри меъёр, ғарбишавии босуръат, тамаддунбезорӣ, фарҳангдуздӣ мебошад, ки  ҳатман таъсири манфии худро ба миллатҳову қавмҳои хурд мерасонанд. Аз ҳама асосиаш қавмҳое зуд фиреб мехӯранд, ки моҳият ва мақсади ин барномаҳоро сари вақт дарк намекунанд. Мисле оне, ки гоҳо аз забони ҷавонон мешунавем, ки ана ҷаҳониён бо ҳамин роҳ рафтанд ва чизе аз даст надоданд. Ҳамин гуна ин барномаҳои тарҳрезишуда бо формулаҳои вижа кор мекунанд, ки таъсири манфиву зиёновари онро исбот кардан хеле душвор аст. Ҳарчанд мақсади ин барномаҳо дер боз ошкор гардидааст, аммо формулаи пинҳонии он ҳанӯз мавриди омӯзиш ва баҳогузории илмӣ қарор нагирифтааст. Барои чунин ҳолатро рафъ намудан ва майли ҷавононро афзун намудан муаллифон ё созандагони ин барномаҳо формулаҳоро чунон пардапӯшона сохтаанд, ки хеле мушкил аст ба ҳамаи он дар як назар оммавият бахшиду дар мазҳари омма қарор дод.

Баҳрамандӣ аз ин гуна барномаҳо фақат зиён асту халос. Зеро аксарияти қавмҳое, ки думболи ин барномаҳову равандҳо рафтаанд, ҳам қавмияти худро зери суол бурдаанд ва ҳам фарҳанги хешро аз даст додаанд,  ки ин бадтарин унсури суратгирифта мебошад.

Дар айни замон ягон миллате аз муборизаҳои қудратхоҳон ва таҳоҷуми фарҳангӣ дар канор намондааст. Хатар ҳамеша ҳаст ва дар остон қарор гирифтани ин ҳамаро мо аллакай хуб медонем.

Метавон ҳадс зад, ки имрӯз як формулаи муайяне амал менамояд, ки онро шахсан худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ҳифзи осори гаронбаҳои фарҳангу забони миллат дар шароити нобаробар ва шиддатноки ҷаҳонишавӣ  пешниҳод сохтаанд, ки ҷаҳониён метавонанд аз он ба манфиати худ ҳамчун формулаи «наҷоти миллат»- и Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҷаҳонишавӣ истифода   намоянд ва аз он баҳрабардорӣ кунанд. Умедворем, ки бо кор гирифтан аз ин формулаи Пешвои муаззами миллат дар шароити кунунӣ мо метавонем садҳо қавму миллатҳоро аз вартаи нобудшавӣ ва нестӣ боздорем ва ё худ умри дубора бахшем.

Хидмати бузурге, ки садсолаву ҳазорсолаҳо аз ин пас хоҳанд гуфт, ин таъйин забони тоҷикӣ  ба сифати забони коргузории давлатӣ  буд ва имрӯз анқариб кулли корхонаҳо коргузории расмияшон бо забони тоҷикист ва ин хидмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз барои беҳтар намудани вазъи забони миллат, ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат бисёр корҳо анҷом дода шудаанд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот барои беҳтар намудани вазъи забони тоҷикӣ ва назорати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ аз иқдомҳои бузургест, ки анҷом дода шуд. Ҳамчунин дар донишгоҳу донишкадаҳо ин сиёсати Пешвои муаззами миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, имрӯз аллакай маводи таълимӣ ба забони тоҷикӣ таҳия мегарданд, ки ин барои миллати тоҷик замоне як орзу буд. Ҳоло дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон низ дастурҳои таълимии соҳавӣ ва рисолаҳои олимон дар бахши илм пурра ба забони тоҷикӣ таҳияву нашр гардида истодаанд, ки ин ҳам ба хотири гиромидошт ва ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар баробари падидаҳои номатлуб ва равандҳои бунёдсӯзи кишварҳои қудратхоҳ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои бузург амалӣ шуда истодаанд, ки ба ҳифзи мероси бою ғанӣ, фарҳанги воло ва ҳимояи забони ширину гуворои тоҷикӣ равона гардидаанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин ҳам як барномаи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар алайҳи ҳама зуҳуроти номатлуб ва бунёдсӯзи бегона  мебошад.  Ин ҷо метавонем аз омилҳои калидии пешрафти забони миллат дар даврони Истиқлолият ном бурд, аммо фикр мекунам, ки марҳила ба марҳила рушду пешрафти забони тоҷикӣ, тағйири чашмгири навиштаву овезаҳо дар шаҳру деҳоти мамлакат, забони матбуот ва дигар расонаҳои амалкунанда худ аллакай гувоҳ аз барномаи комили Пешвои муаззами миллат баҳри ҷовидон мондани миллат ва бақои забони тоҷикӣ мебошад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз барои тамоми ҷаҳониён як мактаби бузургест, ки барои ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз истифода мешавад.  Пешвои муаззами миллат барои ҳалли масоили глобалӣ ҳам пешниҳоду барномаҳои махсус ироа менамоянд, ки ин аз башардӯстиву маҳорати баланди сиёсатмадориву тавонмандии он кас шаҳодат медиҳад.

                                    Мухтор ФОЗИЛЗОДА,
                    Ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,

                    Муҳаммадҷон САЙИДЗОДА,
                    омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

 

*Баргирифта аз расонаҳои амрикоӣ.