дар ҳошияи филми “Хиёнат”
Замоне, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, чашми душманони ин давлати аз мероси таърихияш дур монда боз ҳам ало шуд ва нақшаи ба гирдоби бало кашиданашро фикр мекарданд, ки дар натиҷа лоиҳаи террористӣ-экстремистиеро тарҳрези намуданд, ки мақсадаш несту нобуд кардани давлати тоҷикон ва миллати тоҷик буд. Ин лоиҳа бо ғояҳои гуногун муаррифишуда бо номи ТТЭ ҲНИ амалӣ карда шуд.
Ҳарчанд наҳзатиён инкор мекунанд ва вуҷуд доштани хоҷагони хориҷияшонро ҳамеша пинҳон медоранд, аммо ин асрори наҳзатиён дар як они воҳид ифшо шуд ва ҷомеа фаҳмид, ки наҳзатиён чӣ мақсаду маром дорандва аз ҷониби кӣ фиристода шудаанд.
Чанде қабл филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз ҷониби “Тоҷикфилм ”пешкаши ҷомеа гардид, ки бисёр ҳам паҳлӯҳои норавшан ва ногуфтаро айён намуд ва сад дар сад исбот кард, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ мақсаду мароми нест намудани давлати миллии тоҷиконро доштаанд.
Хиёнатҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ хеле зиёд аст ва агар ба гуфтанаш ҳам ният кунем, шояд садҳо китоб пур шавад, чунки ҳар як макру найранги наҳзатӣ худ як китоб мешавад, мисле, ки имрӯз ҳам наҳзатиён даст ба хиёнаткориву душманӣ задаанду мехоҳанд ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд ва мисли солҳои 90-ум фиреб диҳанд.
Аммо ин бор тири наҳзатиён хато хӯрд ва ҳоло ҷомеа огоҳ гардид, ки наҳзатиён душманони миллати тоҷик ҳастанду бар миллати тоҷик душманӣ меварзанд ва ин як хиёнати рӯирости ин тофифаи наҳзатӣ мебошад.
Зеро шаҳрвандони кишвар бо дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” фаҳмиданд, ки наҳзатиён кистанду барои кадом хоҷаи хориҷияшон амал мекунанд ва ҳамин аст, ки мегӯянд “умри дурӯғ кӯтоҳ аст” ва ҳоло дигар дурӯғҳои наҳзатӣ ҳам ифшо шуд ва сад дар сад ошкор гардид, ки наҳзатиён идомадиҳандаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар минтақа мебошанд.
Аминҷонова М
омӯзгори ДКМТ