УМРИ ДУБОРАИ НБО «НОРАК»

Ба истиқболи таҷдиди неругоҳи барқию обии “Норак” дирӯз дар толори Шурои олимони донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ “Истиқлолияти энергетикӣ омили асосии рушди саноати куҳӣ-металлургӣ” баргузор гардид.

     Маърузаҳои муҳандиси пешбари хадамоти эътимодият ва техникаи бехатарӣ дар ширкати барқии Суғд Ваҳобов О. дар мавзӯи “Умри дубораи НБО Норак”, омузгори калонии кафедраи таъминоти барқ Абдилламидов Н.дар дар мавзӯи “Идоракунии энергосистема ва масъалаҳои автоматикаи он”, дотсенти кафедраи экология дар мавзуи “Экология энергитики” писанди умум гардида дар доираҳои илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

    Мутобиқи мавзуҳо дар се бахши алоҳида маҷлисҳои илмӣ идома ёфт.