УМЕДИ САМАР АЗ НИҲОЛИ КАБИРӢ НАДОРЕМ

Чуноне,ки аз расонаҳои  иттилоотии  ҷаҳонӣ  бар меояд солҳои  охир иллати сар задани падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон ва пайдо шудани иғвоангезӣ, тахрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда дар ҳаққи давлат ва паҳн кардани ин матлаби  ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ  дар байни  ҷавонони  ноогоҳи кишварҳои мухталиф  боиси ба гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистӣ  шомилшавии онҳо гардид.  Мутаасифона, баъзе ҷавонони  тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳо  гардиданд.Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад.

    Оё ҷаноби Кабирӣ ҳамоно байни ҷавонон ақидаҳои мазҳабиро паҳн мекунад? Магар ин кирдори Кабирӣ ба ҷавонон мақбул аст?

 

Муҳаммадҷомӣ  Бобоҷонов, донишҷуи соли сеюми риштаи экологияи муҳандисии ДКМТ