Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони дар ҳайати омодагии олимпиадаи фаннӣ буда, мулоқот намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин барои омодагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки ба донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои якум дуюм ва сеюмро мегиранд, то 7000 сомонӣ мукофоти пулӣ дода мешавад.
Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда, қайд кард, ки иштирок дар олимпиада муҳим аст, ҷаҳонбинии донишҷӯёнро тағйир медиҳад, малакаи донишро зиёд мегардонад, дӯстони нав пайдо мекунанд, ки ин ҳам як марҳилаи зиндагӣ аст.
Сипас, таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд фаъол шаванд ва ҷасурона донишҳои худро истифода бурда, соҳиби ҷойҳои сазовор гарданд.