Имрӯз, дар толори видеоконфронси донишкада семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши китоб дар рушди ҷаҳонбинӣ ва маърифати донишҷӯён” бо ширкати муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ва ме ҳмонон аз китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид.
Семинарро профессор Умарҷонов А. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷаҳонбинӣ ва такмили он аз ҳисоби ғизои маънавӣ сухан ронда, хондани китобҳои бадеиро низ омили муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ ҳисобиданд. Қайд карда шуд, ки маърифат замоне такмил меёбад, ки инсон китобҳои бадеии зиёд мутолиа намуда бошад.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза намояндаи китобхонаи вилоятӣ Норматова Зуҳро, мутахассиси китобхонаи шаҳри Бӯстон Умарова Меҳрангез ва директори китобхонаи донишкада Танжихолова Шаҳноза суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо суолу ҷавоб сурат гирифт, ки меҳмонон ба суоли донишҷӯёну омӯзгорон посухҳои мушаххас доданд.
Шуъбаи иттилоот