ТЭТ ҲНИ – ҶУНБИШИ ТЕРРОРИСТӢ АЗ ҶОНИБИ САҲА

Баъзан инсонро ҳаводиси асри нав саргардон мекунад ва баъзан сахт ба андеша намудан водор месозад. Мушкилот ва проблемаҳои глобалӣ, амсоли вазъи ногувори экологии кишварҳои абарқудрат, гармшавии ҳаво, тағйирёбии иқлим ва ин ҳама инсониятро саргардон менамояд ва барои ҷустани раҳоӣ аз ин варта водор мекунад.  Аммо аз чӣ бошад, ки имрӯз дар шароити бисёр ҳам вазнин созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои инсон садо баланд менамоянд аз ин масъала ҳарфе намезананд???  Пас метавон аз ҳамин ҷо хулоса кард, ки ҳамаи давлатҳои абарқудрат ва ҳамаи созмонҳои бузург, ҳамеша зери барномаи хос амал менамоянд ва сиёсати духӯраро роҳандозӣ менамоянд. Имрӯз бо сабаби зиёд корафтода шудан бо ин созмонҳо ва мушоҳидаҳои зиёд хулоса кардан мумкин аст, ки ин ташкилотҳо ё худ созмонҳои бонуфуз думболи манфиатҳои хеш ҳастанд на аз пайи беҳбуд бахшидан ба зиндагиву шароити мардуми сайёра.  Худи ҳамин рӯз хулоса намудан мумкин аст, ки САҲА аллакай мавқеъгирияшро маълум намуд. Чанде қабл агар пуштибону сармоягузори ташкилоти ифротии наҳзат фақат Эрон буд, лек имрӯз маълум шуд, ки кишварҳои дигаре ҳам дар ин масъала даст кӯтоҳ нестанд ва нияти бад доранду баҳри ин наҳзатиҳои хоинро дастгирӣ менамоянд.

Ташкилоте, ки бо амалҳои террористияш маълуму машҳур гардидааст, ҷиноятҳояш ошкор гардидаанд, чи гуна метавонад, ҷойгоҳи хос дар ҷаласаи САҲА дошта бошад? 

Худ қазоват кунед, вақте ки ин созмон аллакай маълум шуд, ки таҷрибаи хунрезиву палидонаро дорад, маълум шуд, ки таҷрибаи барангехтани низоъро дорад ва афроди ин ташкилот хоину ватанфурӯш асту ба як пули ночиз худро мефурӯшад САҲА зуд ба инҳо минбар дод. Чаро?

Ин боз ҳам ба мардуми тоҷик ҳушдор аст, ки ин созмонҳои байналмилалӣ ва афроди дигаре, ки даъвои ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳо менамоянд як баҳонае беш нест ва ин созмонҳо як мақсад доранд. Барҳам задани сулҳу субботи доими миллат!

Ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки САҲА намехоҳад зуд ошкор созад, ки имрӯз ё фардо аз ин ташкилоти террористӣ истифода менамояд, аммо далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ТЭТ ҲНИ барои боз ҳам зиёдар содир намудани амалҳои ҷиноӣ ба арсаи байналмилалӣ ворид карда мешавад.

Мо аллакай таҷрибаи шахсан фиристодани афроду оилаҳои гумроҳро аз тарафи роҳбарияти ин ташкилоти ифротӣ (ТЭТ ҲНИ ) ба Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзадаро дорем ва ин нишони он аст, ки дигар ташкилотҳои терроистӣ аз тарафи қудратҳои бузург бо формулаи нав ба кори худ шуруъ менамоянд ва мақсад ҳам несту нобуд намудани миллатҳо, қавмҳо ва давлатҳо мебошад.

Бубинед, мо чанде пеш шоҳид шудем, ки чи тавр Амрико бо Толибон сари мизи музокирот нишаст ва ин аллакай хотимаи кори толибон аст. Онҳо дигар ба ҳаёти осоиштаи худ дар Афғонистон ё Ироқ мепардозанд. Вале барои қудратҳо нерӯи нав даркор аст, ки то чанд соле харобкорӣ кунад ва сари мизи музокирот нанишинад ва ТЭТ ҲНИ аллакай барои ин кор омода аст. Онҳо аз ин лиҳоз аз ин тоифаи хоину гумроҳ истифода мекунанд, зеро барои ин тоифа қадру манзалати инсон, арзишҳои маънавӣ, ватан ва модар ҳеҷ фарқе надорад дар баробари пул. Ва албатта ин тоифа барои САҲА баҳри гузаронидани амалиётҳои пинҳонӣ зарур аст.

Ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки ҷой додани ин афрод дар ҷаласаи САҲА як намуди ҳавасмандкунӣ  аст ва ин фақат аввали кор мебошад. Зеро онҳо аз ин ягон зарар намебинанд ва фақат ду гурӯҳро бар зидди ҳам меҷангонанд, ки ин аллакай кори доими САҲА мебошад. САҲА ва масъулонаш мехоҳанд ин тоифаи ифротиро ҳавасманд намуда, сипас баҳри амали намудани лоиҳаҳои бузург водор намоянд. Ин як тахмин аст, аммо сад дар сад аз ҳамин гуна тахминҳо эҳтиёт шудан ба манфиати кор аст. Зеро аз рӯйи он формулае, ки САҲА кор бурда истодааст, ва таҷрибаи фаъолияти ин доираҳо, ки маълум аст, мешавад бовар кард, ки мақсад яктост.

Ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки дар ин росто Тоҷикистони азизро чизе аз тарафи САҲА таҳдид намекунад, баръакс ин як  хатар аст. ТЭТ ҲНИ аллакай барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон маълум аст, амалҳо ва ҷиноятҳои содирнамуда ошкор шудааст, вале САҲА ин ҳамаро нодида мегирад. Яъне аз рӯй мақоли ба ҳама маълум ин ҷо косае зери нимкоса аст.

                                               Ҳошимов А.

                                               омӯзгори кафедраи таъминоти барқ