ТЭТ ҲНИ ЯК ЛОИҲАИ ТИҶОРАТӢ БАРОИ КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНАШ!

Дар тамоми гӯшаву канори олам муборизаҳо вуҷуд дорад ва он албатта бо мақсаде равона карда шудааст, аммо муборизаи аслӣ фақат хоси мардон ҳасту халос. Имрӯзҳо тамоми аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ талош мекунанд, ки ба манфиати шахсии худ аз ҳар гуна арзишҳо ба монанди дину мазҳаб низ истифода намоянд. Далели равшани ин гуфтаҳоро мо дар рафтор, гуфтор ва амали Кабирӣ, ки дар асл як ҷинояткору террористи рақами як асту худро мубориз меҳисобад мебинем. Ин шахси динбохтаву мазҳабфурӯхта бо роҳҳои гуногун худро ба ҳар дар зада аз бовариву содагии мардум ва махсусан ҷавонон истифода намуда, худро ҳамчун лидер муаррифӣ намуд. Вале бехабар аз он ки дер ё зуд чеҳраи манфуру хиёнатҳои кардааш ба миллат ошгӯкор мегардад.

Чанд муддат дар Туркия иқомат намуда, ҷавонони муҳочири тоҷикро гирди худ ҷамъ овард ва сипас ба боварии онҳо даромада, онҳоро ба сафи террористони ДОИШ ҳамроҳ намуд. Албатта бо пули андак, вале худи Кабирӣ бошад барои ин кораш аз хоҷагони хориҷияш пули калон мегирад ва зиндагии хуб мегузаронад.

Мақсади асосии ин аблаҳ фақат як чиз аст, ин ҳам бошад бо ҳар роҳе ба даст овардани мардум ва соҳиб гардидани курсӣ. Лек афсӯс, ки майдони сиёсат ҷойи рубаҳон нест ва кори аблаҳону хоинон ҳам нест.

Имрӯзҳо дар нишасти САҲА бо тарафдоронаш ширкат намуда, худро дар бадтарин вазъ қарор дод. Зеро тамоми аъзоён ва тарафдоронаш ҳамагӣ 50 нафар буданд ва боз онҳо ҳам хешу табораш ба ҷуз аз чанд фоҳиша. Ин худ гувоҳ бар он аст, ки ТЭТ ҲНИ дигар имконияташро аз даст додаасту тарафдоронаш низ хиёнатҳои роҳбарашро фаҳмида аз ҳизб рафтаанд.  Зеро чеҳраи манфури Кабирӣ бар он гувоҳ аст, ки вай фақат ба хотири манфиат бо касе гап мезанад ва мардум ҳам инро фаҳмиданд. Ҳоло ӯ дар хориҷа сарсону саргардон аст.

Мо дидем, ки чи тавр дар нишасти САҲА онҳо иғвоангезиву дурӯғпардозӣ мекарданд, ки ин албатта барои на ҳар кас писанд аст ва рафтори нодурусту аблаҳонаи онҳоро дида, ҳама аллакай хулоса баровард, ки инҳо ба ҷуз авбошиву ҷиноят дигар коре балад нестанд. Зеро аз суханрониву гуфторашон маълум буд, ки онҳо дигар идеяи солим надоранд ва маълум буд, ки Кабирӣ бо аз даст додани тарафдоронаш худро хеле маъюс ҳис мекунад.

                                                                                                     Силмонова Сурма

                                                                                                     омӯзгори ДКМТ