ТЭТ ҲНИ- ТАШКИЛОТИ ФИТНАКОР

Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Мухиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш таввасути шабакаҳои иҷтимои мунтазам кушиш менамоянд, ки ба фазои сулҳу субот ва авзои сиёсии кишвари азизамон халал расонанд. Аммо ин фитнакорон бояд бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон хусусан, ҷавонон дигар ба фитнави дасисабозиҳои ин ҳизби террористӣ дода намешаванд.

Зеро амалҳои гуногуни террористиӣ дар гушаю канорҳои олам симои хақиқии терроризм ва экстромизмро барои мардуми ҷаҳон алалхусус хатари онро ба инсоният нишон дод. Бинобар ҳамин ҳам имрӯз мардуми  тоҷик сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд. Миллати мо самараи Истиқлолият ва ваҳдати миллиро чашидааст. Аз ин лиҳоз, ҳама гуна кушишҳои Кабириву тарафдоронаш хусусан, нишастҳо дар Варшава бефоида аст. Зеро чуноне, ки бузургон фармудаанд: “ Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”

Ба доми худ даровардани ҷавонони зудбовар ва ноогоҳ аз ҷониби ҲНИ, Гурӯҳи 24 як ҳодисаи мувақаттӣ буда ба зудӣ ин падида аз байн меравад.

Баҳри ба доми ин ташкилотҳо наафтодан ҳар як ҷавони солим- фикрро зарур аст, ки нерӯи созандаи худро дарк намуда, баҳри ободии Ватани азиз онро равона намояд. Барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияту вахдати миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша омода бошад. Пайваста кушиш намояд, ки дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро баланд бардорад. Мо, омӯзгорони ҷавон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри дар ҳамин руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон равона намудаем.

Ба роҳбарони ташкилоти фитнакору дасисабози ТЭТ ҲНИ муроҷиат намуда гуфтанием, ки худро бо фитнаву суханҳои бофтаю пуч ва нишастҳои бемаънӣ бо хоҷагони хориҷии худ овора накунанд. Зеро мо ҷавонони арзишмандтарин дастоварди миллат ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем

Ватанпарастӣ, ифтихори миллии моро ҳеҷ қувваи аҳриманӣ ва бадӣ шикаста наметавонад. Бинобар ин Шумо ҷоҳилонро зарур аст, ки ба чунин фитнаву дасисаҳои бебунёди худ хотима бахшед! Барои он ки зури беҳуда миёнро мешиканад

                                                                                             Бадалов Ҷ. Н

                                                                                              омӯзгори ДКМТ