(дар ҳошияи мақолаи Назар Муъмин «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд»)
Дар ақсои олам кам андар кам шудааст, падидаву зуҳуроти нав зуд қабул шуда бошад, бе ягон роҳҳои ҳавасмандгардониву истифодаи фишангҳои таъсиррасонӣ. Ҳар як падида ва зуҳурот бо барномаву махсусиятҳояш ба ин ё он воситаи ба ҷомеа роҳ меёбад ва он ки ин падида мусбӣ аст ва ё манфӣ ҷомеа бояд худаш бо кӯмаки равшанфикронаш муайян созад.
Вазифаи ҳар як равшанфикр ва аҳли зиё ҳаст, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ширкат варзад ва барои беҳбуд ва рафъи камбудҳо андешаҳои хешро баён созад.
Солҳои 90-уми асри гузашта чунин ҳодисаҳо зиёд ба чашм мерасиданд, ки равшанфикрон ба ин ё он масъала дар ҷомеа мудохила менамуданд ва холисона андешаронӣ мекарданд. Аммо ин чиз ба баъзе аз ашхоси бадбиниву бадтинат ва душманони миллат хуш наомад.
Чӣ хел ба ҳаёти мо ТЭТ ҲНИ ворид шуд ва чӣ гуна ҳаёти осоиштаро ноором сохта миллатро сарсону саргардон кард, чизе гуфта намешавад. Он воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳам намешавад дар як саҳифа ғунҷонид, зеро даҳшатҳои овардаи ТЭТ ҲНИ ба сари мардум, харобиҳои овардааш ҳисоб надорад ва ҳар яки ин хиёнатҳоро мо дар парвандаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ дида метавонем, ки бевосита бо дастури бегонагон ва махсусан Ҷумҳурии исломии Эрон ба роҳ монда шудааст.
150 ҳазор нафар куштаву зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти моддӣ ва боз болои 2 миллион гуреза, магар ба гуфтан осон аст, ки ин ҳама бевосита амалҳои содирнамудаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад. Ин хоинони бадкеш барои он ки миллатро гумроҳ созанд ва кишварро ба як мустамликаи ҷумҳурии исломӣ табдил диҳанд бисёр ҳам талош варзиданд ва хушбахтона, ки муваффақ нашуданд.
Аммо ин нотавонбинон ва хоинони наҳзати ба ҳамаи ин қаноат накарда боз соли 2015 бо сардории Ҳалим Назарзода, ки аз ҷосусони наҳзатӣ буд, табаддулоти давлатӣ гузарониданӣ шуданд, ки пас аз нокомӣ роҳбарият ва як қатор аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба хориҷ фирор намуданд ва ҳамон ҷо ҳам Ҷумҳурии исломии Эрон ин тоифаи бадкешро сарпарастӣ намуда, танҳо аз соли 2016 то соли 2018 ба кишварҳои аврупоӣ ба суратҳисоби М.Кабирӣ роҳбари ТЭТ ҲНи 3 миллион доллар гузаронидааст, ки ин ҳам як ҳиссае аз қисса мебошад.
Албатта ин пулҳо барои таъсиси расонаҳои наҳзатӣ ва мубориза бурдан бо роҳи нашри ахбори бардурӯғ ҷудо шудааст ва ин корҳоро мо шоҳидем, ки чӣ тавр наҳзатиёни террорист анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин нишонаи он аст, Ҷумҳурии исломии Эрон хилофи муқаррароти байналмилалӣ амал намуда, барои аз байн бурдани истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ талош менамояд ва аз ҷониби дигар барои даҳшатафкандан миёни ҷомеа аз гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ истифода менамояд, ки як амали ғайриқонунии ҷумҳурии исломӣ мебошад.
Ҳарчанд ҳам наҳзатиёни палид ва ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон рад мекунанд, ки бо ҳам робита надоранд ва наҳзатиён ҳам худро як тарафи мухолифину ватандӯст ҳисобида, формати фоҳишагии хешро пинҳон менамоянд, лек воқеяит ин аст, ин наҳзатиён ва охундҳо аз олами инсонӣ берунанд ва хилофи ахлоқи башарӣ амал менамоянд.
Аз ҷониби дигар аҷибаш дар он аст, ки ин наҳзатиён бо роҳбариву фармонҳои ҷумҳурии исломии эрон фаъолият намуда, мардумро гумроҳ карадни мешаванд ва ҳамеша ба нашру таблиғи ахбори бардурӯғ ва иғвобарангез машғуланд, ки ин ҳам як муаммост.
Ин ки ин қадар куштору даҳшатро аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба сари миллат бо фармони охундҳо бор намуданд, магар беҷавоб мемонад?
Пас он панди шайх Саъдии бузургвор чӣ мешавад, ки мегӯяд: Банӣ одам аъзои якдигаранд
Ки зи офариниш зи як гавҳаранд…
Оё ин наҳзатиён ва роҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон аз кабирии палиду хоманаиву дигаронаш гирифта инсон нестанд? Оё ин охундҳо махлуқи махсус офаридашудаанд, ки ба ҷуз номи одами дигар чизе аз одамиятро надоранд?
Оё ин тоифаи бадкешро манфуру манқурт номидан гуноҳ аст?
Вақте, роҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон терроризмро дастгирӣ мекунанд, фармон медиҳанд, ки равшанфикронро ба қатл расонанд, оё инҳо худ террорист нестанд?
Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ СММ ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ накунанд?
Ҳолу ҳавои вазнине, ки имрӯз шаҳрвандони ҶИЭ доранд ва он зулму ситаме, ки аз ҷониби ҳукумати Хоманаӣ ба сари онҳо бор шудааст, гиря карданисту халос. Аммо чаро ба ҳамин масъала ҷомеаи ҷаҳонӣ вокуниш нишон намедиҳад?
Тавре дар боло ёдам рафт, то ёдрас шавам, ки солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин наҳзатиёни палид равшанфикрон, журналистони номиим тоҷикро аз ҷумлаи М. Осимӣ, М. Олимпур, С. Кенҷаев ва садҳо нафаронро ба қатл расониданд, то аз воқеияти барномаи пасипардагии наҳзатиёни касиф ба ҷомеа нагӯянд.
Душманат гар пашша бошад, камтар аз феълаш мадон-гуфтани шоир бисёр ҳам ба маврид аст ва сахт ба ҳамин масъала пайванд мехӯрад. Ё ҷойи дигаре чунин омадааст: “ Душмани ман чу бо дӯст бисёр нишаст, Парҳез аз он магас ки бо мор нишаст”, ки билофосила ҳамон мор ва ҳамон магар ин ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ ҳастанд ва бояд аз ин ҳарду парҳез кард ва ҷомеаи ҷаҳониро огоҳ намуд.
Дар бобати мақолаи Назар Муъмин, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» сад дар сад мувофиқам ва бояд мо ба Суди байналмилалӣ муроҷиат кунем ва бо ҳами восита кӣ будани ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ-ро барои ҳамагон ошкор созем, то ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонанд, дарк карда, ки на наҳзатиён ва на роҳбарони охундии ҷумҳурии исломӣ аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ нестанд ва мақсаду саром ва барномаи манқуртизми худро доранд, ки бениҳоят бар башарият хатарнок аст.
Парвизи Машҳур
омӯзгори ДКМТ