ТЭТ ҲНИ САРЧАШМАИ БАДБАХТИҲО БАРОИ МАРДУМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Солҳои 90 – уми асри гузаштаро ба хотир овардан як даҳшат мебошад.

Якбора бо “ташаббус” – и се Ҷумхурӣ (Федератсияи Россия, Украина ва Белоруссия) пош хӯрдани давлати абарқудрати ИҶШС халқҳои бисёрро ба душворихои гуногун, аз он ҷумла душвориҳои сиёсӣ дучор намуд.

Дар қатори дигарҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истиқлолияти худро эълон намуд. Агар пружинаи фишурдашударо якбора сар диҳед, бо парриши худ ягон ҷойро вайрон мекунад. Чунин ҳолат ба сари ҷумхуриҳои  собиқ, ки тамоми фаъолияти худро дар асоси фармоишҳои Маскав анҷом медоданд,омад. Дар шароити қадамзаниҳои аввал дар шароити озодӣ собиқ роҳбарони ин ҷумҳуриҳо дасту по хӯрда, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ намебаромаданд. Аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати бурҳони сиёсӣ бо бурҳони иқтисодӣ мувофиқ омад.

Аз ин шароити мувофиқ ҳаракату ҳизбҳои гуногун моҳирона истифода намуда, фаъолияти худро барои соҳиб шудан ба роҳбарии сиёсии мамлакат ҳаматарафа ҷоннок намуданд.

Яке аз оғози чунин бесарусомониҳо ин ташкил шудани гирдиҳамоӣ дар майдони Шаҳидон ба ҳисоб меравад, ки боиси ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҷанги шаҳрвандие, ки омилони асосии он саркардагони наҳзатӣ буданд, сабаби куштори хазорон фарзандони фарзонаи миллати тоҷик гардид. Муттаасифона дар рафти он қишри зиёӣ ва бедори миллат низ ҳадафи ҷисман аз байн бурдан қарор гирифта, иддае аз онҳо ба тарзи ваҳшиёна нобуд карда шуданд, ки холигиҳои бузургеро дар қишри рушангари кишвар ба вуҷуд овард. Бомдоди даргириҳои солҳои навадум бо роҳи фалаҷ гардонидани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ шурӯъ гардид. Террористони наҳзатӣ волоияти қонун ва риояи онро сарфи назар намуда, хараҷу араҷ ва беҳокимиятиро ба вуҷуд оварда, ҳар нафареро, ки тартиботи ҷамъиятӣ, риояти қонунро ҳарф мезад ба ҳайси душмани асосии худ қарор дода, барчаспҳои гуногунро аз қабили “кофару муртал”, “нонаш ҳаром”, “занаш талоқ” ва амсоли ин “фатвоҳо” – ро ба онҳо нисбат медоданд. Нафароне, ки ба ҳамаи тавтеапардозии онҳо нигоҳ накарда, аз волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ҳарф мезаданд, онҳоро ба таври фоҷиавӣ аз байн мебурданд.

Яке аз ҳамин гуна нафарон Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки дар солҳои 1991 – 1992  дар вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Нурулло Ҳувайдуллоев намояндаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Прокурори генералӣ ва шахси ба касбияти худ содиқ ва донишманд буд.

Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояти бечунучарои Конститутсия ва қонқнҳои амалкунандаро бо қатъияти том талаб менамуд. Ӯ мутмаин буд, ки наудани қонун ва бе ҷазо мондани ҷинояту ҷинояткор сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба бурҳони сиёсӣ мувоҷеҳ мегардонад.

Террористони наҳзатӣ аз роҳҳои зиёде истифода намуданд, то ин нафарро ба тарафи худ тамоюл дода, онро бо пулу сармояҳое, ки аз берун ба даст овардаанд, харанд, аммо ин шахси бузург манфиати миллати азизи худро нафурӯхт. Ҳамин буд, ки ин шахси нексиришт ба як душмани сарсахти ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ табдил ёфт ва ин қотлони миллаткуш тасмими аз байн бурдани ӯро гирифтанд ва билохира вайро тавассути силоҳи оташфишон ба қатл расониданд.

Дар он замон бо кушта шудани Нурулло Ҳувайдуллоев охирин унсурҳои дифоъ аз қонун аз байн рафт ва кишварро алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт, дигар дузду ғоратгар дар қаламрави мамлакат бедодӣ мекард. Ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ дар минтақаҳои Хатлону Бохтар Қатлгоҳҳои худро дуруст карда буданд, ки дар он дигарандешонро ба қатл мерасониданд. Шеваҳои бадтарини қатлу кушторро истифода менамуданд, ки бадтар аз шеваҳои кушторҳои муғуливу фашистӣ бадтар буд.

Дар қатори ходимонии сиёсии ба миллат содиқ наҳзатиёти палид ба нест кардани олимони барҷаста, пешоҳангҳои фарҳанги миллат даст мезанаданд. Ба қатл расонидани олимони барҷастаи тиб Исҳокӣ ва Ғуломов, сарояндаи азизи халқи тоҷик Кароматулло Қурбонов ва як қатор одамони барҷаста барои ба таҳлука овардани аҳолии кишвар ва истифодаи ҳама усулҳои нохалафона барои соҳиб шудан ба роҳбарии сиёсӣ ҳисоб меёфт.

Аз чунин бесарусомонихое, ки ҲНИ ба сари халқи тоҷик овард, душманони берунӣ ва дохилӣ моҳирона истифода карда, таҷҳизоту дастгоҳҳои заводу корхонаҳоро ба яғмо бурданд.

Баъзан инсон аз бешармии палидии саркардагони ҷиноятпешави наҳзатӣ, ки дар Аврупо имрӯз аз “ҳукуки инсон”, “демократия”, “волоияти қонун”,”ҳақиқату адолат” сухан мегуянд, дар тааҷҷуб мемонад. Чунки ин ҳамонҳоянд, ки дар солҳои 90 – и асри гузашта волоияти қонунро аз байн бурдаанд, ҳазорон нафар фарзандони миллатро ба қатл расонида, кишварро ғорати саросарӣ кардаанд, асоси ҳамаи бадбахтиҳо, ҷинояткориҳои бадиро, ки баъзе аз онҳо то ҳол идома медиҳанд, аз ин кирдорҳои бехирадонаи онҳо маншаъ мегирад. Нафароне, ки қонуну адолатро дар кишвар ба марг маҳкум кардаанд, мардумро муҷиби бадбахтиву оворагиву саргардонӣ ва сарафкандагӣ карданд, имрӯз аз адолат гап мезананд. Набояд фаромӯш кунанд, ки амалҳои косифона ва бадбахтиҳои ба сари миллати тоҷик овардаашон дар зеҳнияти таърихии миллат сабт гардидааст ва онҳо бо ҳар чеҳрае, ки худро вонамуд менамоянд, чеҳраи хашини миллакуши даҳшатафканашон ҳамеша бармалост.

 

Чунин мардуми бевиҷдоданд онҳо, ки дини мубини исломро хамчун яроқи сиёсии худ истифода мебаранд, дар ҳоле ки ислом ба онҳо ягон муносибат надорад. Дар кадом сураи Қуръони карим куштори инсон тавсиф гардидааст.

Ислом худ ба худ айбе надорад,

Ҳар айбе ҳаст, дар мусулмонии мост.

Ба халқи тоҷик ҳаёти халқи ҳамсояи Ҷумҳурии Афғонистон мисоли оддӣ шуда метавонад.

Фаъолиятҳои террористӣ, дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ба як рукни муқаррарии ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо табдил ёфтааст ва онро низ чунин хизбҳои ба ҲНИ монанд бо истифодаи ниқоби ислом анҷом медиҳанд, моро бояд ҳушдор менамояд, ки рӯзҳои гузаштаи даҳшатноки таърихи худро фаромӯш накунем.

Ин шахсони “дӯстони миллат”  оё ягон маротиба аз ятимоне, ки дар ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ аз падару модарашон ҷудо шудаанд, аҳволпурсӣ кардаанд.

“Дӯстон” – и хориҷии наҳзатиёт ба сари ягон халқ рӯзи нек наовардаанд. Чунин ҳизбҳои зархарид барои тинҷию оромии кишвар, пешрафти иқтисодии он заррае кушиш накарда, танҳо ба манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии хоҷаҳои худ хизмат мекунанд.

Мо бояд даҳшатҳои солҳои 90 – уми асри гузаштаро аз хотири худ дур насозем, ба фарзандон ҳақиқати таърихро муфассал баён намоем, онхоеро ба роҳи каҷ рафтаниянд ва ба ҷониби чунин ҳизбҳои палид майл карданианд, ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Асло бояд фаромӯш насозем, ки Ҳизби наҳзат барои халқи тоҷик сарчашмаи бадбахтиҳо буду ҳаст.

 

                                                                           Бобоев Раҳимҷон

                                               сармуаллими кафедраи ташкили ҳамлу нақл