ТЭТ ҲНИ – МАКТАБИ ХИЁНАТ ВА НАЙРАНГИ МАЗҲАБӢ

Ҳамагон хуб медонем, ки барои амали намудани ҳадафу мақсадҳои гурӯҳҳо ва махсусан созмонҳои манфиатдор чӣ қадар барномаву нақшаҳо тарҳрезӣ мешаванд, то ба мақсад расанд. Албатта, барномаву нақшаҳо бо дар назардошти хусусият ва хислатҳои ҷониби муқобил сурат мегирад ва дар аснои омӯзиши заъфу эътимоди мардум, барнома омода карда мешавад. Ва инро мегӯянд қадамҳои расидан ба манфиат ва ё ба даст овардани сайд. Роҳҳои гуногуни мубориза барои ба даст овардани ин ё он хостаи мавриди назар вуҷуд дорад, лек набояд фаромӯш кард, ҳамаи ин дар тарҳрезии як барномаи мукаммал омода ва амалӣ карда мешавад.

Солҳои навадуми асри гузашта ҳам барои миллати тоҷик аз чанд ҷиҳат осон набуд ва ҳамон замон тибқи барномаи омода намудаи абарқудратҳо бояд кишвари ҷавони Тоҷикистон пурра аз байн бурда мешуд ва барои албатта хориҷиён аз нерӯҳои маҳаллӣ истифода намуданд. Онҳо бо таъсиси ҳизби наҳзати исломӣ ва сарпарастии рӯҳониёни шинохта мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонидани шуда, бештар ТЭТ ҲНИ-ро бо силоҳу маводи лозимӣ таъмин менамуданд ва ҳамин буд, ки кишвар дар як муддати кӯтоҳ ба коми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фурӯ рафт.

Роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз фурсат истифода бурда, олимону равшанфикрон ва дигар намояндагони фаъоли ҷомеаро ба қатл расониданд. Дар марказҳои алоҳидаи шаҳр қассобхонаҳо ташкил намуда, афроди бегуноҳро он ҷо ба қатл мерасониданд, ки ин аз даҳшатбортарин амалҳои нангин ва хунини аъзоёни Ташкилоти эктремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ҳамин рафтори нодурусти наҳзатиёни беномус ва хоин буд, ки дар натиҷа 150000 нафар бегуноҳ қурбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд.

Акнун ин ҷо мегузарем ба мақсади асосӣ ва чӣ тавр аз ҳамин ҳолати ногувори мардум истифода намудани наҳзатиёни ифротӣ барои ба анҷом расонидани мақсадҳои нопоки хооҷагони хориҷии худ. Албатта, дар расонаҳо ва маълумотҳои нашршуда дар бораи ин ҳизби террористӣ ва аз ҷониби кадом давлати хориҷӣ сармоягузорӣ шуданашро ҳамагон хуб медонем ва камина намехоҳам, ки дар ин бора дубора гуфта гузарам, фақат мехоҳам аз роҳҳои гумроҳсозӣ ва хиёнати наҳзатиён ин ҷо бигӯям. 

Нахуст наҳзатиёни палид  калимаи исломро дар ҳизби худ ҳамроҳ намуда, онро ҳамчун ҳизби ҳомии ислом ва мусалмонон муаррифӣ намуданд, аммо бо гузашти вақт уламони дин маълум намуданд, ки ТЭТ ҲНИ рафтору кирдораш бар хилофи мазҳаби Ҳанафия буда, аз мазҳабҳои дигар пайравӣ мекунад ва ягон амалаш хоси ислом нест. Вале ҳамон замон пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ фазои холиро истифода намуда, наҳзатиён ба майдони сиёсат ворид шуданд ва ба ҷойи ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ онҳо ин ҳама таърихи миллати тоҷикро инкор намуданд ва барои саркуб сохтани  донишмандон ва равшанфикрон фармон содир менамуданд.

Онҳо бо маблағҳои зиёд ба ҳар баҳона мардумро гумроҳ сохта ба ҳизби худ шомил гардонидаанд ва аз ин истифода намуда, онҳоро барои мақсадҳои нопоки худ истифода намудаанд. Истифода аз мазҳаб ва дин барои наҳзатиёни ифротӣ як шеваи гумроҳсозӣ буда, онҳо фақат бо ин роҳ мехоҳанд миёни мардум эътимод ба даст оваранд. Дар асл бошад ин ҳизби террористӣ ягон алоқамандие ба дин надошта, аъзоён ва роҳбаронаш аз равияи мазҳаби шиа, ки бар хилофи аҳли суннат мебошад, пайравӣ менамоянд. Ҳатто ин наҳзатиёни роҳгумзада ва шайтон аз надонистани мардум аз таълимоти динӣ истифода бурда, аксарияти мардумро гумроҳ карда ба мазҳаби шиа гаравонидаанд, ки ин хиёнати бузург мебошад.

Ҳамин тавр аз фаъолият ва рафтору гуфтори аъзоёни ТЭТ ҲНИ пай бурдан мумкин аст, ки ин тоифа номи исломро фақат барои истифода намудан аз эътимод ва боварӣ аз пайравони дини ислом истифода намудаанд ва дар амал бошад, ҳадаф хиёнат ба мазҳаби ҳанафия ва миллати тоҷик мебошад. Бино бар ин ТЭТ ҲНИ-ро мактаби хиёнат ва найрангу ҳиллаи мазҳабӣ гуфтан мумкин аст.

                                                                     Меҳвар Абдусаломович

                                                                     омӯзгори ДКМТ