ТЭТ ҲНИ – ДУШМАНТАРИН НЕРӮ АЛАЙҲИ МИЛЛАТИ ТОҶИК?

Бо пош хӯрдани ҷумҳуриҳои Шӯравӣ дар кишвар як силсила созмону ҳаракатҳои озодихоҳ пайдо шуд. Сафи ҳизбҳои сиёсӣ ҳам зиёд гардида, қариб ба чанд шахоҳо ҷудо мешуд. Аз ҷумла дар ҳамин солҳо Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам арзи вуҷуд намуд ва бо хунхориву амалҳои террористии худ, то ба имрӯз дар дили мардум доғ боқӣ гузоштааст.

Ба гузаштаи начандон дури таърих назар афканем, баъди нокомии мухолифин дар интихоботи президентӣ, ки 24 ноябри 1991 баргузор гардида буд, бо гуфтаҳои тасдиқкунандаи худашон 27 ҳазор ҷангиҳои яроқнок дар ихтиёрашон буд. Ин маънои онро дорад, ки Ҳизби наҳзати ислом мақсад дошт, ки ҳокимиятро на бо роҳи демократӣ, интихоботи умумихалқӣ, балки бо ёрии зӯроварӣ ва силоҳ ба даст оварад.

Ба гарав гирифтани одамон, ходимони давлатию сиёсӣ, олимон ва хизматчиёни мақомотҳои қудратӣ аз тарафи аъзоёни ҳизби исломӣ ба кадом чаҳорчӯбаи қонун ва демократия рост меояд? Чавоб ба ин савол маълум аст. Ба ягон ҷаҳорчӯба.

Шиканҷа ва қатли шаҳрвандон дар ҳамонвақта идораи Қозиёти Тоҷикистон ва дигар масоҷидҳову ҷойҳои муқаддаси исломӣ ба кадом чаҳорчӯбаи қонун ва демократия рост меояд?

Нисбати поймолгардии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Кӣ ба поймол гардидани ҳуқуқ ба зиндагиву манзилро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ рӯ ба рӯ гардида буданду, шумораи онҳо 1 миллион нафар мебошад, ҷавоб мегӯяд?

Роҳбарони мухолифини тоҷик ва ҳизби исломӣ дар миёнаи солҳои 90-ум камбудиву хатогиҳои худро дарк намуда, ба сулҳу салоҳ омада буданд, аммо ворисони имрӯзаи онҳо ин саҳифаҳои таърихи начандон тӯлонии худро ҳанӯз ҳам дарк накардаанд.

Боиси афсӯс ва маҳкумнамоӣ аст, ки ин доғи рӯз ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон низ рабт дорад. Имрӯзҳо Ҳизби экстремистию террористии наҳзати ислом бо ҳар гуна роҳҳо сохтори демократию дунявии Тоҷикистонро бадном намуда, бо истифода аз маблағу воситаҳои гуногуни “хоҷагони” хориҷии худ Тоҷикистонро дар назди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ сиёҳ карда нишон доданӣ мешаванд. Аммо “тири дайду”-и онҳо пош мехӯрад, зеро мардуми тоҷик ҳанӯз он нобасомию шикастрезиҳои онҳоро дар даҳсолаҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаромӯш накардаанд.

Одатан мегӯянд, ки таърих сабақ меомӯзад. Аммо ҳастанд ашхосҳое, ки аз сабақи таърих дарси ибрат наомӯхта, кору фаъолияти иғвоангез ва ғаразҳои сиёсии худро идома медиҳанд. Роҳбарон ва фаъолониҲизби экстремистию террористии наҳзати ислом бо таблиғу ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ҷавононро дигаргун кардан мехоҳанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавононро бо таблиғ ва интишорҳои худ ба тарафи худ моил намоянд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик ба доми фиреби ин “аждаҳор”-ҳои асри XXI ҳеҷ гоҳ дода намешаванд, вале афсус, ки бархе аз ҷавонон ба фирефтаи онҳо гумроҳ гардида, ба доми сияҳи онҳо меафтанд.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ ягон вақт ба манфитаи мардум набуд, нест ва нахоҳад буд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар даврони истиқлолият мақсади ин ҳизби ифротию террористӣ бо роҳҳои ғайриқоннунӣ соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ буд ва бад аз он бунёди давлати исломӣ. Ҳадафи ТЭТ ҲНИ тафриқандозӣ асту халос.

                                                                 Парвизи Машҳур

                                                                 омӯзгори ДКМТ