Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва “минбари беминнат” сӯиистифода мекунанд.
То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. Ҳоло Аврупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муносибат бо раванде чун ТЭТ ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан шояд чандон дуруст нест, зеро онҳо дар тӯли фаъолияти худ ҳатто се маротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд…
Аз ин хотир, ҳоло мехоҳанд, ҳадафҳои ифротии худро, ки таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва марҳила ба марҳила ташаккули ғояи инқилоби исломӣ мебошад, бо роҳҳои дигар ва номҳои нисбатан “замонавитар” амалӣ созанд. Ташкили чунин “ҳамоиш”-у “гирдиҳамоиҳо” ҳам танҳо ба хотири ҳисобот, ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки наҳзат фаъолият карда истодааст.
Ҳамватанони азизи моро мебояд жарфтар аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷ домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мураккабу сахт аст. Андеша аз он кунанд, ки ТЭТ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад.
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
http://www.jomea.tj/