ТЭТ ҲНИ БАРОИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ХАТАРНОК АСТ!

Дар ин шабу рӯз, ки дар Варшава нишасти солона гузашта истодааст, гурӯҳи ҷинояткорон низ худро мухолиф эълон намуда дар он ҷо ширкат доранд. Ин албатта ягон бадӣ надорад, зеро ин тоифаи ҷинояткор фақат як мақсад доранд ва он ҳам ноором сохтани ҷомеаи Тоҷикистон. Чуноне, ки қаблан зикр намудем САҲА як созмони пуштибон барои ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз ин тоифаи номарду хоин дар он ҷо дар баробари ҳайати ҳукумат мехоҳанд суханронӣ намоянд.

Аслан гирем ин афрод умуман маълумоти саҳеҳ ва дуруст надоранд ва фикр намекардам, ки то ин ҳад инсонҳо ҳам дар ҷаласаи САҲА роҳ меёфта бошанд? Аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо мақсади  тафриқандозӣ ва дурӯғпароканиву иғвоангезӣ ин маконро интихоб кардаанд ва мехоҳанд боз симои манфури худро ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Хиёнат ва ҷиноятҳои ин афрод кайҳост вирди забонҳои мардум гаштааст, вале ҳоло ҳам ин муздурону хоинон инро ба гардан гирифтани нестанд. Мақсади ин палидони сарсону саргардони ватанфурӯш маълум аст. Онҳо мехоҳанд дар кишвари азизи мо Тоҷикистон сулҳу оромӣ набошад ва ин ба манфиати хоҷагони онҳо хоҳад буд.

Фақат аз рӯи ҳамин формула амал намуда, онҳо мехоҳанд ҳамеша ба ҳаёти осоиштаи мардум халал расонанд. Инро мо борҳо шоҳид будем ва имрӯз аз суханрониву дурӯғбозиҳояшон низ эҳсос менамоем.

Иштироки хоинони миллат ва душманони он дар ҷаласаи САҲА боз ҳам гувоҳ бар он аст, ки ин тӯдаи носолим фақат туҳмату буҳтон мезананду суханони бепояро пешниҳод кард. Ин албатта аз нотавониву ҳисси бадбинии онҳо сарчашма мегирад. Фаромӯш набояд кард, ки ТЭТ ҲНИ як шохаи нави олами террористӣ дар ҷаҳон дониста мешавад ва бояд барои зиён нарасонидани он тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ лоиҳа дошта бошад.  

                                                                                                               Саидов Анвар

                                                                                                               омӯзгори ДКМТ