ТЭТ ҲНИ- “АЛ-ҚОИДА”-И СОНӢ ДАР ХОВАРИ МИЁНА

Қабл аз оне, ки ба пажӯҳиши масъала даст бизанам, лозим мешуморам, ки дар бораи созмони террористии даҳшанафкантарин ва бераҳмтарини ҷаҳон “Ал-қоида” чанд сухане бигӯям. Созмони террористии “Ал-қоида” аз ҷониби Усома бини Лодан тоҷир ва фарзанди оилаи сарватманди араб дар солҳои 90-ум таъсис дода шудааст. Аммо бино ба маълумотҳои ба даст омада, тахмин меравад, ки ин созмони террористӣ солҳои 80-уми асри гузашта барои берун баровардани нерӯҳои низомии Шӯравӣ аз хоки Афғонистон таъсис дода шудааст ва Усома бини Лодан дар набардҳо бо низомиёни шӯравӣ ҷангидааст. Пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии рус аз хоки Афғонистон созмони террористии “Ал-қоида” фаъолияташро густариш дода, амалҳои зиёди террористиро содир намуд. Аз ҷумла ҳамлаи террористии 11-уми сентябр дар шаҳри Нйю-йорк низ аз амалҳои ваҳшатбори ин созмони террористӣ бар зидди башарият мебошад. Ёдовар мешавем, ки созмони террористии “Ал-қоида” дар зиёда аз 34 давлати ҷаҳон намояндагӣ дорад ва барои бисёре аз гурӯҳҳои террористии дигар низ кӯмаки молӣ мерасонад ва кинаву адоват ва қатлу кушторро тарғиб менамояд.

ТТЭ ҲНИ ҳам замони ҳузураш дар кишвари Афғонистон маҳз аз мактаби “Ал-қоида” гузаштааст ва  ақидаву рафтори ТТЭ ҲНИ бештар ба барномаи ҳамин созмони террористӣ рост меояд. Чизи дигар ва амали маъмул дар ин созмонҳои терроистӣ ин куштори одамони бегуноҳ ва харобкорӣ мебошад, ки айнан мисли “Ал-қоида” ҳизби террористии наҳзати исломӣ солҳои 90-уми асри гузашта онро дар кишвари мо, амалӣ намуд ва дар натиҷа миллирадҳо доллар зарари моддӣ ба кишвар расида, зиёда аз 150000 нафар ба қатл расонида шудаанд, ки аз бузургтарин амалҳои террористии  ТТЭ ҲНИ дар таърих ёд мешавад. 

ТТЭ ҲНИ дар кишвар фаъолият намуда, аз ҷинояткорӣ ва авбошӣ даст накашид ва аъзоёни ин ҳизби террористӣ пайваста ҷиноятҳои вазнин содир менамуданд ва ҳатто дар охир то ба ҷое расид, ки ташкилоти террористӣ-эктремистии ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 бо таъсиси чандин гурӯҳҳои хурди мусаллаҳ хост табаддулоти давлатиро ба амал оварад ва хушбахтона дар ин роҳ ба мақсад нарасид. Лек боз ба ҳамаи ин қаноат накарда роҳбари палиди ин ҳизби террористӣ Кабирии бадкеш ба Аврупо фирор намуда, аз он ҷо истода бар ҷониби миллат санг мепартояд. Ин ба он маъност, ки наҳзатиёни ифротӣ дар Аврупо паноҳ бурда бо таъсиси чандин сомонаҳои интернетӣ барои аз байн бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳаракат карда, пайваста маводи дорои хусусияти иғвоангезиву нажодпарастиро паҳн менамоянд, ки бар хилофи қонунҳои башарият мебошад.

Ҳамзамон бояд ёдрас шавем, ки аксарияти ин созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои мазҳабии ТЭТ ҲНИ, ки дар хориҷ миёни муҳоҷирон таъсис додааст, даромади молиро аз созмонҳои террористии монанди “Ал-қоида” ва давлатҳои алоҳидаи манфиатдор мегиранд ва сиёсати ҳамин сармоягузоронашонро пеш мебаранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта ТЭТ ҲНИ бо истифода аз фурсати  ба даст омадааш бо як силсила аъзоёни разилу бадкешаш ба Афғонистон ва Эрон паноҳ бурда, ҳини истиқомат дар ин ҷойҳо аъзоён ва командирони ТЭТ ҲНИ-ро аз мактабҳои махсуси низомии террористӣ гузаронидааст. Тавре медонем, барои амалӣ гардидани нақшаҳояш Усома бини Лодан дар ин кишварҳо мактабҳои махсус барои тамрин гирифтану таҷриба андӯхтани  террористони оянда таъсис дода буд ва аъзоёни ҳизби террористии наҳзати исломӣ ҳам аз ҳамин мактабҳо гузаштаанд.

Ҳамчунин дар мадрасаҳои исломии шаклаш махфии кишвари Эрон низ дар чанд соли охир ҷавонон ТЭТ ҲНИ дарс мегирифтанд, ки ба гуфти шоҳидон аксарият дар он ҷо мазҳаби дигарро аз худ намуда, ба тамринҳои ҳарбӣ машғул мешудаанд ва тактикаи ҳамлаҳои террористиро омӯхтаанд. Мо, инро ҳатто чандин маротиба аз забони аъзоёни пушаймоншудаи ТЭТ ҲНИ ҳам шунидем ва ин як пора таърихи сиёҳи ТЭТ ҲНИ мебошад, ки наҳзатиёни палид пинҳон медоштанд.

                                                                               Меҳвар Абдусаломович

                                                                                  омӯзгори ДКМТ