ТТЭ ҲНИ – ҲИЗБИ ИФРОТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонро ҳизбҳои террористию экстремистӣ ба дод овардаанд. Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби назҳати ислом яке аз чунин ҳизбҳо мебошад, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебурд. Ҳарчанд, ин ҳизб исломӣ ном дорад, лекин бо дини мубини ислом ягон робитае надорад, зеро дини мо яке аз динҳои одил ва пок мебошад.

Яке аз поягузорон, ташкилкунандагону иштирокчиёни фаъоли ҷанги шаҳрвандӣ, ки аввали солҳои 90-уми асри бистум кишварро фаро гирифта буд, аъзоёни ҳамин ТТЭ ҲНИ  буданд. Ин ҳизби мамнӯъгардида, дар ибтибои солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошавии созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуда буд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо манфиатхоҳи мақсади нопоки худу хоҷагони хориҷияш будаасту халос.

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз “мӯйро аз хамир” ҷудо карда метавонанд ва хуб дарк  кардаанд, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон комилан ба манфиати халқ мебошад.

ТТЭ ҲНИ ғояҳои ифротгароии хешро ба ҷавонони тоҷик талқин карда, мехост дар кишвар сулҳу оромиро аз байн барад ва садҳо ҷавонони кӯтоҳандешро фирефта ҳам намуд . Вале корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳие, ки пайваста аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд, меваҳои худро доданд. Имрӯз мардум худогоҳу худшинос аст. Ба ҳар гуна ғояҳои бегона гӯш намедиҳад ва воқеияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки бар алайҳи миллати тоҷик аст, дарк намудааст.

 Бигзор сулҳу оромӣ бардавом бошад, бигзор ягон ҳизби бадхоҳ ба кишвар роҳ наёбад, бигзор чашми душманони Ватани азизамон кӯр гардад!

 

 

Халифаева М.Ҳ.

ассистенти кафедраи ЗД ва ЗХ