Бо гузашти вақт ТТЭ ҲНИ- ташкилоти ифротгарову фитнакор будани худро нишон дод. Имрӯз ҳар як фарди соҳибмаърифат ва худогоҳ аз фаъолияти иғвогаронаи ин ҳизби ифротгаро дар хориҷи кишвар паноҳ ёфта , бо ҳар роҳ мехоҳанд худро ғамҳори халқ нишон диҳанд. Кабирӣ ва тарафдорони имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳаиси минбари сафсатафурӯшӣ, бадномсозии миллат , иғвогарию фитнакорӣ табдил додаанд. Аммо ин кушишҳои онҳо бефоида ва бепоя аст. Зеро ҷавонони имрӯза маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии худро баланд бардоштаанд, минбаъд ҷавононро ба доми фиреби худ ҷалб намудани наҳзатиён ғаёриимкон аст. Бо ташаббуси сарвари давлатамон ба имзо расидани Қонуни авф, ки тибқи он зиёда аз 20 ҳазор маҳбусон ба озодӣ баромаданд, аз он ҷумла, садҳо ҷавонони ба доми фиреби наҳзатиён афтода низ авф шудаанд, бори дигар аз сиёсати инсон парваронаи Сарвари давлатамон шаҳодат дод. Аз ҷониби Сарвари давлат авф шудани ин зумра ҷавонони гумроҳшуда, бешубҳа меҳру садоқати ҷавонон- ояндаи ҷомеаро ба дастовардҳои бузурги Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад. Қонуни мазкур зарбаест ба мақсадҳои нопок ва иғвогаронаи ҲНИ –мебошад. Илова бар ин амалиётҳои гуногуни террористӣ, ки дар гӯшаю канорҳои олам хусусан дар Афғонистону Сурия анҷом дода мешаванд, бори дигар аз моҳияти зиддиинсонӣ, зуҳуроти ифротгаронаи ҷараёнҳои терроризм ва экстремизм шаҳодат медиҳанд.
Ҷавонони Тоҷикистон, ки пайваста аз тарафи Сарвари давлатамон дастгирӣ карда мешаванд, бояд ахлоқу одоби хуб донишу маърифати баланд дошта бошанд, ба Ватан садоқат ва софдилонаву аз сидқи дил барои ободиву гулгулшукуфии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Насруллоева Д.
лаборанти кафедраи МО ва И