Чуноне, ки ба ҳаммаи мо маълум аст, баъди пошхӯрии собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 чун дигар давлатҳои мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ва ҳуқуқбунёд арзи вуҷуд намуд. Лекин баъзе аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо ба монанди ТТЭ ҲНИ, оромии ҷомеаи моро бо кирдору амалҳои разилонаашон ноором сохтанд. Ба ҷои аз ин неъмати бебаҳои Истиқлолият истифода бурдан гирдиҳамоиҳо ташкил намуда, нақша мекашанд то, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намоянд, лекин ин гурӯҳ одамон ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғаразнок ва нопоки худ намерасанд. Дар солҳои 1990-уми қарни гузашта ин бадхоҳони миллат такя ба хоҷагони зархариди беруна намуда, гирдиҳамоиҳо ташкил намуданд ва Тоҷикистонро ба майдони набард табдил дода буданд.
Хушбахтона имрўз мо бо боварии комил метавонем гуфт, ки ин бадҳоҳони миллат ҳеҷ вақт ба мақсади нопок ва зишти худ намерасанд. Зеро Тоҷикистон давлати қафомомондаву нотавон нест, хушбахтона худованд ба сари мардуми Тоҷикистон Сарвари боақлу хирад, донову зиракро овардааст, ки пуштибонӣ давлату миллат гаштааст.
Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Президенти мамлакат дар ҳамаи вохӯриҳо, баромадҳо, Паёмҳои худ оиди оромиву осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, бунёдкориву созандагӣ сухан ронда мардуми Тоҷикистонро ба иҷрои ин амалҳо даъват менамояд.
Аммо роҳбарону намояндагони ТТЭ ҲНИ дар ин самт чӣ кор карданд, ба ҷуз душманиву разолат?
Якчанд мисолҳоро оид корҳои зишти ҲНИТ рўи қоғаз меорем ки боварии кас намеояд.
Воқеаи аввали моҳи сентябри соли 2015 с. ба амал омада имрӯзҳо тамоми ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Амалҳои хиёнаткоронаи генерал Назарзода Абдуҳалимро ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум менамояд. Генерал Назарзода ба қадри сулҳу осоиштагии кишвар нарасида, ба амалиётҳои мусаллаҳона бо фармоиши раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ даст ба куштор зад, ки ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.
Ҳоло гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ фаъол гаштаанд, ки ғараз ва мақсади тахрибкоронаи худро зери пардаи ислом амалӣ кардан мехоҳанд. Онҳо сабабгори бисёр ихтилоф ва ноамнӣ дар баъзе манотиқи олам гардида, исломро бадном мекунанд, ки ҷараёни салафия аз ҷумлаи ин гуна гурӯҳҳо мебошад, ки дар ибодату ақоид мардумро ба ихтилоф андохтаанд.
Холова Ф
омӯзгори ДКМТ