ТТЭ ҲНИ ДУХТАРСОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИИ ТТЭ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”

Имрӯзҳо маълумоте ба даст расидааст, ки аксаран инсонро ба ҳайрат меоварад ва аз ҷониби дигар даъвои наҳзатиёни палид ва ё худ ҳамон ТТЭ ҲНИ-ро, ки даъвои мустақилият ва вобаста набуданашро таъриф мекунад, инкор мекунад. Тавре, ки маълум аст, аксарияти аъзоёни ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ вобаста буданашонро бо дигар  созмонҳои террористӣ инкор мекарданд ва ҳатто худро ҳомиёни дин мешумориданд, ки дертар парда аз рӯи ин ҳама маълумотҳо бардошта шуд ва чеҳраи воқеии наҳзатиёни малъун ба таври куллӣ ошкор гардид.

Ҳамчунин ҳамаи маълумотҳои вобаста ба ин созмони террористӣ    ва робитаҳояш бо хоҷагони хориҷияш ва созмонҳои террористӣ ба таври комил ошкор шуд ва соли 2019 барои наҳзатиёни малъун соли охирини фаъолият  ва соли шармандагиву шикаст буд.

Зеро маҳз дар соли 2019 ҳамаи ҳақиқатҳо ошкор шуд ва ҳама он пинҳонкорие, ки наҳзатиёни малъун анҷом медоданд ифшо гардид. Хиёнтаҳо ва разолатҳои ҷоҳилони наҳзатӣ ба таври окшоро фош карда шуд, ки ин барои бисёриҳо хеле пӯшида буд. Ва алабатта ин ҳама маълумотҳои пинҳон ба миллати тоҷик чеҳраи наҳзатиёни палидро ошкор сохт ва чандин созмонҳои байналмилалӣ ҳам амсоли Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва СПАД ин ташкилотро ташкилоти терористӣ-экстремистӣ эътироф карданд ва фаъолияташро дар давлатҳои аъзо маҳкум намуданд.

Зеро омилҳои хатарзо барои амнияти башарият ҳамин созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз аксарияти кишварҳо ин созмонҳои террористиро ба рӯйхати гурӯҳу созмонҳои хатарнок ворид сохтаанд ва дар сомонаҳову нашрияҳо роҷеъ ба ин маълумоти барзиёде нашр гардидааст.

Баргардем сари масъалаи аслӣ ва руҷӯъ менамоем ба ифшои хиёнаткориву хоинии наҳзатиёни палид, ки танҳо аз соли 1997 то соли 2016 дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористиро содир намудаанд, ки ин барои кишвар хеле зиён овардааст. Лек ҳанӯз ҳам наҳзатиёни палид инр маълумотҳоро дар пинҳонӣ нигоҳ дошта, феълан ба нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез машғуланд ва аллакай нақшаҳои ифротии худро ифшо сохтаанд, ки дар мӯҳтавои ин мақолаву гузоришҳои расонаҳои наҳзатӣ ин чиз бараъло дида мешавад. 

Инчунин аз ҷониби наҳзатиёни палид, ки гоҳо худро ҳомиву идомадиҳандаи ворисони мазҳаб меҳисобанд, поймолкунии шаъну  шарафи инсон дида мешавад, ки дар ягон дин ин амал раво нест. Вале наҳзатиёни малъун намедонам аз кадом дин пайравӣ мекунанд ва пайғамбару Худояшон кист, ки ин қадар арзишҳои инсониро поймол менамоянд?!

Кадом дин ва кадом мазҳаб иҷозат додааст, ки хуни инсони бегуноҳ рехта шавад???

Мутаассифона ба ин саволҳо наҳзатиёни малъун ҳаргиз ҷавоб нахоҳанд гуфт, зеро ин палидони наҳзатӣ исломро танҳо ба хотири гумроҳ сохтан, фирефта намудани мардум истифода менамоянду халос ва рафтору амалашон ҳам ба ислом ягон рабте надорад. Аз дидгоҳи дигар бингарем ин наҳзатиёни террорист бадномкунандаи дину мазҳаб ҳастанд ва инро олимони динӣ беҳтар мефаҳманд. Зеро рафтору амали наҳзатиёни малъун аз чаҳорчӯбаи ахлоқ баромадааст ва дар ягон дин чунин рафтор тавсия намешавад, ки инро ҳамаи мардум хуб медонанд.

Ҳамзамон робитаи ТТЭ ҲНИ бо созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ба таври ошкоро маълум гардидааст ва чуноне, ки медонем ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ таълимоти худро аз рӯи барномаи ҳамин созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” мегиранд ва ин созмон дар чандин кишвари ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст ва ба садҳо гурӯҳҳои террористӣ ёрии молиявӣ мерасонад аз ҷумла ба ТТЭ ҲНИ низ.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирии палид бошад, М. Мурсиро, ки роҳбати ташкилоти террористии  “Ихвон-ул-муслимин” буд бародари ҳамақида ва ҳамфикри хеш мешуморад, ки ин албатта бедалел нест ва далелаш ҳам ҳамон робитаи пинҳонии террористӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз моро зарур меояд, ки бештар ба омӯзиши ҷидди пардохта дар шинохти наҳзатиёни палид ва ташкилотҳои террористӣ ба ҷомеа мусоидат намоем ва расонаҳоро низ зарур аст, ки роҷеъ ба ин масъала таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ анҷом диҳанд.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ